Рӯзи 15 май дар тақвими санаҳои экологӣ ҳамчун Рӯзи иқлим ворид шудааст. Дар ҳақиқат мавзӯи тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби зиндагии мо табдил ёфтааст. Норасоии об дар минтақаҳо, ифлос шудани ҳавои атмосферӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, таназзулёбии замин, паст шудани маҳсулнокии чарогоҳҳо ба дигар паҳлӯҳои зиндагии одамон, бахусус вазъи иқтисодиёти онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.
ТАҒЙИРЁБИИИ ИҚЛИМ ЧИСТ?
Дар робита ба ин савол ҷавони 22 сола аз деҳаи Ҷавкандии шаҳри Истаравшан Дилмурод Юсупов чунин посух дод:

— Ман ки дар чанд семинарҳои омӯзишӣ иштирок карда будам, медонам ки тағйирёбии иқлим гуфта раванди тағйир ёфтани обу ҳаво дар давоми 30-40 сол дар назар дошта мешавад. Аммо мафҳуми тағйирёбиии иқлим барои мардуми деҳот, ки асосан бо чорводорию зироаткорӣ машғуланд, нофаҳмост. Масалан, дар деҳаи мо, ки мардум ба зироаткорӣ машғуланд ва хоҷагии деҳқонӣ доранд, мафҳумҳои иқлим ва обу ҳаворо якчиз мепиндоранд.
Бисёр хуб мешуд дар ин бора коршиносону олимон ба мардуми деҳот маълумот диҳанд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим кадом зироатҳоро кишт карданашон мумкин. Дар ҷойҳои мо мардум ҳоло намедонанд кадом зироатро кишт намоянд. Борон гӯем, борон намеборад, барф гӯем, барф намеборад. Дар сурати наборидани барф дар мо гандум намешавад. Масалан, соли гузашта вақте барф наборид, зароатҳои донагӣ, монанди гандуму ҷави киштшударо деҳқонон аз даст доданд, имсол бошад аз сабаби наборидани борон кишти зироатҳои полезӣ, мисли картошкаву шалғам, сабзӣ ҳосили хуб надод.

Дар ҷойи зисти мо деҳқонон асосан обҳои зеризаминиро барои киштзорашон истифода мекунанд. Мушкили мо барои истифодабарии обҳои зеризаминӣ, ин аст, ки ҳар нафаре хоҷагии деҳқонии нав мекушояд, дар паҳлӯи насоси мавҷуда насоси дигар васл мекунад, ки ин боиси хушк шудани оби насоси мо мегардад. Як насос аз 35 то 40 гектар замини киштро бо об таъмин менамояд.
Агар насос дар ҷои нисбатан дуртар васл карда шавад, он хоҷагидор ҳам бемалол заминҳояшро бо об таъмин карда метавонад. Дар ҷойҳои мо як усули санҷидани мавҷудияти обҳои зеризаминиро таҷриба менамоянд. Пас аз мушоҳида аввал заминро кофта, як тағораро аз миёнааш сӯрох мекунанд ва намак мегиранд. Сипас сими алюминиро дар болои намак мегузоранд, дар сурати давр задани сим маълум менамоянд, ки дар ин ҷо об вуҷуд дорад.
ВОБАСТАГИИ ҚИМАТШАВИИ ГӯШТ БО ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ВАЗЪИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ
Дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар моҳи рамазон нархи гӯшт, ки қаблан бо нархи 40-41 сомонӣ фурӯхта мешуд, ба 45 сомонӣ расид. Чаро дар ин моҳи шариф, ки моҳи хайру саховат ба шумор меравад, нархи гӯшт баланд шуд? Ба андешаи бархе аз коршиносони тоҷик баланд шудани нархи гӯшт бо тағйирёбии иқлим як навъ вобастагӣ дорад. Дар ин бора
Доктори илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон Партоев Қурбоналӣ зимни мусоҳибаи телефонӣ дар ин бора ба мо чунин посух дод:

сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон
— Қимат шудани гӯшти гов бо муаммои тағйирёбии иқлим бевосита не, балки бавосита алоқаманд аст. Зеро тайи ду-се соли охир аз сабаби камбориш омадани обу ҳаво алафу хошок дар чарогоҳҳо пеш аз муҳлат хушк шуданд, ки хоҳ-нохоҳ ин омил эҳтимолияти боиси пурра гӯшт нагирифтани ҳайвоноти калони шохдор шуданаш мумкин аст. Дар ҳақиқат аксар мардум аз сабаби норасоии хошок молашонро ба бозор бароварданд ва ин як навъ ба қимат шудани гӯшти гов дар соли ҷорӣ боис шуд.

Ба андешаи Қ.Партоев, саршумори моли майда нисбат ба меъёр дар чарогоҳҳо зиёд шудааст ва чунин бенизом афзоиш ёфтани саршумори чорво ва бе нақшаи муайян чаронидани он ба захираҳои гуногуни биологӣ, аз байнравии гиёҳҳои давоӣ, асалдеҳ, эндемикӣ ва билохира ба амнияти озуқавории кишвар метавонад таъсири манфӣ расонад.
Ба минтақаи куҳистон рондани чорво дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ боиси таназзул ва аз байн рафтани чарогоҳҳо ва дар оянда эҳтимолияти ба биёбонҳои хушку холӣ табдил ёфтани онҳо мегардад.
Партоев Қурбоналӣ бо назардошти беҳгардонии вазъи чарогоҳҳо дар шароити тағйирёбии иқлим пешниҳод мекунад, ки усули бонавбат чаронидани чорворо дар чарогоҳҳо ба роҳ мондан лозим аст. Яъне дар як қитъа чаронидани чорво бояд дар муддати 3-4 сол як маротиба сурат гирад.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ИНТИЗОРИҲО АЗ КОНФРОНСИ ИҚЛИМИИ ТОШКАНД
Дар ин мавзуъ муроҷиат намудем бо чанд суол ба муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Каримҷон Абдуалимов.

Каримҷон Абдуқуддусович, аввалан Шуморо бо Рӯзи байналмилалии иқлим табрик мегӯям. Сониян мехостем бифаҳмем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва табодули маълумотҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Баъд аз ба имзо расонидани созишномаи ҳамкориҳо аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар самти тағйирёбии иқлим ҳамкориҳо рафта истодаанд. Масалан, ҳамкории Агентии обуҳавошиносии мо бо хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти муайян аст, аммо ҳанӯз ин ҳамкориҳо кофӣ нест ва беҳбудиро тақозо мекунад.
Савол: Дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо кишварҳои ҳамсоя кадом корҳои муштаракро анҷом додан мумкин аст?
- Раванди тағйирёбии иқлим танҳо ба Тоҷикистон хос нест, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Бояд ҳамаи кишварҳои минтақа барои коҳиш додани тағйирёбии иқлим саҳми худро гузоранд, Тоҷикистон дар танҳоӣ наметавонад пешгирии иқлимро анҷом диҳад. Албатта аз тарафи Тоҷикистон нисбати коҳиш додани тағйирёбии иқлим корҳо рафта истодаанд, аммо дар масъалаи коҳиш додани газҳои гулхонаӣ дар баъзе кишварҳои ҳамсоя масъала беҳбудиро мехоҳад. Ҳанӯз дар заводу корхонаҳои кишварҳои ҳамсоя ангишт ба таври фаровон истифода бурда мешавад, ки дуди ғализи он корхонаҳо ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад.
Шумо мушаххасан гуфта метавонед, ки дар Тоҷикистон кадом чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлимро роҳандозӣ намудаанд?
- Бояд гуфт, ки аз тарафи масъулини Тоҷикистон барои воридшавии тахнологияҳои замонавӣ барои корхонаҳо нисбат ба ҳамаи дигар кишварҳои минтақа гази карбонро камтар истифода мебарад. Дар ҳар як соҳа роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вуҷуд дорад. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ технологияи обмонии қатрагӣ бо мақсади сарфакорона истифодабарии об, дар соҳаи тандурустӣ дар сурати баланд шудани дараҷаи ҳавои атмосферӣ бояд ҳатмӣ огоҳ намоем, ки бемороне, ки вазъи саломатиашон аз ҳаво вобаста аст, дар гармиҳои кӯча нагарданд. Дар соҳаи ҷангалпарварӣ бояд дарахтонеро кишт намуд, ки ба иқлими ин ё он маҳал мутобиқ бошанд ва ғ.
Ба андешаи Шумо аз Конфронси иқлимии Тошканд, ки рӯзҳои 3-4 апрели соли 2019 бо иқдоми ташкилоти CAREC баргузор гардид, чӣ натиҷаҳоро метавон интизор шуд?

- Он уҳдадориҳое, ки дар конфронси иқлимии Тошканд дар доираи лоиҳаи CAMP4ASB қабул гардид, кишварҳои минтақа агар қисман иҷро кунанд, муваффақият ҳисоб мешавад. Нисбат ба солҳои гузашта албатта ҳамкориҳо миёни кишварҳо бештар густариш ёфтаанд. Ба андешаи ман чунин конфронси калони иқлимӣ дар Тоҷикистон ҳам баргузор гардад, коршиносон аз кишварҳои ҳамсоя ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо шароити иқлимии мо ва дар кадом сатҳ мо қарор дорем, ошно мешаванд.
Ташаккур барои суҳбати самимӣ!
Хонандагони азиз! Тавре аз суҳбат бо одамони касбу кори гуногун, дар симои деҳқон, олими соҳаи кишоварзӣ ва коршиноси мақомоти обуҳавошиносӣ маълум мешавад, раванди тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он яке аз масъалаҳои рӯзмараи ҳалталаб ба шумор меравад, ки нисбат ба он бояд донишҳои худро зиёд гардонид.
Ҷамолиддин ЯКУБОВ, “Инсон ва табиат”