Рўзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аввалин маротиба 15 марти соли 1983 ҳамчун ҷашн ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид гардид. Баъдан, 9 апрели соли 1985 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияро таҳти унвони«Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» қабул намуд. Тибқи Эъломия санаи 15 мартро расман Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон эълон доштанд.
25 ноябри соли 2011 нахустин ҷаласаи Шўрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар асоси қарори он ҳамасола 15 март Рўзи ҳимояи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷлил карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардида, баъдан солҳои 2008, 2013 ва 2015 ба он тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истехсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурўшандагонро ҳангоми фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (корӣ, хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурўшандагон) — и он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

Тибқи моддаи 3-и Қонуни зикргардида, истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, маълумот доир ба мол (кор, хизматрасониҳо) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурўшандагон)-и он, бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ), сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ), ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ манфиатҳои худ муроҷиат намояд, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда) ҳуқуқ дорад.
Дар моддаи 9-и Қонун омадааст: “Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад”.
Дар қонунгузориии соҳавӣ низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шудааст. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” омадааст: — ҳангоми расонидани зарар ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии инсон, боиси боздоштан, маҳдуд ё қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳо мегардад.
Табиатистифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
— дар равандҳои баррасӣ ва қабули қарорҳо вобаста ба лоиҳаҳои нақшаҳо, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими муҳити зист ширкат варзанд, савол, тавзеҳот, иттилоот, таҳқиқот ё фикру ақидаҳои дилхоҳи худро нисбат ба лоиҳаҳои зикргардида, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳоеро, ки аз рўи онҳо қабул мегарданд, пешниҳод кунанд.
— оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба он бо шикоят, ариза ва пешниҳодҳо ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар ташкилотҳо муроҷиат кунанд, ҷавобҳои баҳангом ва асоснок гиранд;
— оид ба ҷуброни зараре, ки ба муҳити зист, моликияти шахсӣ ва саломатии онҳо расидааст, ба суд даъво оваранд;
- ҳаёт, саломатӣ ва амволи худро аз таъсири манфии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият ба вуҷуд меояд, суғурта кунанд.
Вобаста ба ин, яке аз самтҳои асосии пешбурди фаъолияти кории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» таблиғот ва ташвиқоти экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар ҷумҳурӣ, баргузор намудани семинару вохўриҳо мебошад. Дар ин самт дар соли 2018 байни табиатистифодабарандагон 656 маротиба семинару конференсияҳо баргузор гардида, дар робита ба ҳукуқи табиатистифодабарандагон-истеъмолкунандагон низ суҳбатҳо гузаронида шуданд.
Дар Дастгоҳи марказӣ аз тарафи масъулини Кумита оид ба мавзуҳои маърифатию тарбиявӣ ва ҳуқуқҳои табиатистифодабарандагон 13 семинарҳои омўзишӣ гузаронида шуданд. Дар веб-сайти Кумита бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 353 маводи иттилоотӣ ҷой дода шуд.
Аз тарафи роҳбарияти Кумита дар давоми сол рўзҳои шанбе 72 нафар шаҳрвандон қабул гардида, барои қонеъ гардонидани дархости онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, дархости 67 муроҷиаткунанда ҳал карда шуда, як муроҷиат ба дигар мақомотҳо ирсол гардид ва 4 муроҷиат ба назорат гирифта шуд.
А ЭШОНОВ,
сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ