2 ФЕВРАЛ — РӮЗИ МАВЗЕЪҲОИ ОБИЮ БОТЛОҚӢ

0
570
боздид

Шиори Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ дар соли 2023 «Барқарорсозии ботлоқҳо» ном дорад. Ин шиор ба баргузории даҳсолаи барқарорсозии экосистемаҳо аз ҷониби СММ бахшида шудааст.

Пандемияи COVID-19 ҷаҳонро абадан дигаргун сохт. Муҳимтар аз ҳама, он тарзи фикрронии моро дар бораи саломатӣ ва муҳити зисти худ тағйир дод. Таназзули экосистемаҳо ва хариду фурӯши беназорати ҳайвоноти ваҳшӣ дигар таҳдидҳои одӣ нестанд, ин акнун хатари мустақим ба саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар яки мост.

Аз чор се ҳиссаи бемориҳои имрӯзаи ҷаҳон зоонозӣ мебошанд, яъне бемориҳое, ки аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд. Дахолати дағалонаи инсон ба табиати вуҳуш ва ҳаёти сокинони он таҳдиди доимии пандемияи нав аст. Илова бар ин, бемориҳои марбут ба нарасидани оби тоза ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷони миллионҳо нафарро аз байн мебаранд. Калиди ҳалли ин мушкилот ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, махсусан, мавзеъҳои обию ботлоқзорҳо мебошад.

Мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ, муқовимат бо тағирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, ҳамзамон барои саломативу некӯаҳволии мо муҳиманд. Бидуни барқарорсозии онҳо ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст.

Махсусан, ботлоқҳо ба ғамхории мо бештар эҳтиёҷ доранд. Гарчанде онҳо ба сайёра дар муқобила бо мушкилоти имрӯза кӯмак намоянд ҳам, аз тарафи дигар онҳо бештар осебпазиртаранд. Ботлоқҳои солим барои боздошт ё суст кардани раванди тағйирёбии иқлим ёрӣ расонида, гази карбонро фурӯ мебаранд. Ботлоқҳо ба гармшавии глобалӣ бештар ҳассосанд ва ҳангоми халалдор шудан, баръакс, манбаи CO2 мегарданд. Ботлоқҳо барои тоза ва филтр намудани об ёрӣ расонида, дар шакли табиии худ ба нигоҳ доштани саломатӣ мусоидат мекунанд ва ба манбаи беморӣ табдил намеёбанд. Дар баробари ин, ботлоқҳо ба ифлосшавӣ бештар ҳассосанд.

Амнияти озуқавории ҷаҳонӣ ҳамчунин аз идоракунии устувори мавзеъҳои обию ботлоқӣ вобаста аст. Нигоҳдории ҳосилхезии замин, пешгирии хушксолӣ ва обхезӣ — ҳамаи ин вазифаҳои ботлоқҳо барои соҳаи кишоварзӣ ҳаётан муҳиманд. Аммо худи соҳаи кишоварзӣ ба нигоҳ доштани ботлоқҳо таҳдид карда, онҳоро бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ ифлос мекунад.

Ҳама хидматҳои экосистемавиро, ки аз ҷониби мавзеъҳои обию ботлоқӣ пешниҳод мешаванд, ном бурдану ҳисоб намудан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, зараре, ки экосистемаҳои вайроншуда мерасонанд, ба ҳама равшану аён аст. Тағйирёбии глобалии иқлим, хатари паҳншавии бемориҳо, коста гардидани  гуногунии биологӣ — ҳамаи ин ба мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин таҳдид мекунад. Барои ояндаи умумии тамоми сайёра нигоҳ доштани на танҳо он чи ки мо дорем, балки барқарор намудани он ҳам лозим аст. Хусусан, барқарор намудани ботлоқҳо.

Дар Тоҷикистон 12 мавзеъҳои обию ботлоқӣ мавҷуданд. Ба хотири рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2000 таҳти № 420 оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи  мавзеъҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳамчун макони зисти парандагони обӣ, ба имзо расид.

Дар робита ба мавзӯи “Мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва моҳияти онҳо” аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳмфзи муҳити зист ва масъулини Конвенсияи Ромсар бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди конвенсия чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ ва омӯзишӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 12 адад мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, 5-тои онҳо соли 2017 ба феҳристи Конвенсияи Ромсар, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳастанд, дохил карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед