3 ИЮЛ – РУЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ИСТИФОДА НАБУРДАНИ ПАКЕТҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ

0
45633
боздид

ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

Ҳангоми сӯзонидани пакетҳои полиэтиленӣ газҳои заҳрнок ҷудо шуда, боиси олудашавии табиат ва таъсири манфӣ ба саломатии одамон мегардад.

Аз 4/1 ҳиссаи сатҳи уқёнусҳо бо партовҳои полэтиленӣ пӯшонида шудааст. Ин далел ба нобудшавии ҳайвоноти уқёнусу баҳрҳо ишора мекунад. Пакетҳои полиэтиленӣ ҳамасола боиси марги қариб 1 миллион парандаҳои баҳрӣ, 100 ҳазор ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва шумораи беҳудуди моҳиҳо мегарданд.

Пакетҳои полиэтиленӣ таркиби хокро вайрон намуда, танҳо дар давоми аз 100 то 500 сол дар натиҷаи вайроншавии таркиби хок ва обҳои зеризаминӣ таҷзия мешаванд.

 Аҳолии наздики 50 кишварҳои дунё бо дарки зарари бесобиқаи пакетҳои полиэтиленӣ ба муҳити зист, аз истифодаи маводҳои полиэтиленӣ даст кашиданд.

Моҳи марти соли 2019 Парлумони Иттиҳоди Аврупо ниҳоят лоиҳаи қонунро дар бораи манъи маҳсулоти пластикии яквақта аз соли 2021 ба тасвиб расонд. Ба рӯйхати маҳсулоти манъшуда ашёҳои полиэтилении яквақта барои хӯрокхӯрӣ (қошуқ, вилка, корд, истакон, лӯлачаҳои шарбатнӯшӣ), инчунин чӯбчаҳо барои дам кардани пуфак, контейнерҳои хӯрокгирӣ дохил мешаванд.

Дар Олмон, ҳанӯз соли 2016 ба чаканафурӯшон додани пакетҳои пластикӣ ба муштариён ба таври ройгон манъ карда шуд. Тибқи қонуни нави Олмон ширкатҳо барои истифодаи пакетҳои якдафъаина то 100 ҳазор евро ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи намояндагони Вазорати муҳити зисти Олмон баъди қабули ин қонун истифодаи бастаҳои сарикасӣ тақрибан се маротиба коҳиш ёфт.  

Дар миёни кишварҳои Аврупоӣ Фаронса аз лиҳози ташаббусҳои экологӣ  нисбати рад кардани ашёҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешсаф аст.

Дар қитъаи Осиё Ҳиндустон аз кишварҳои мебошад, ки барои коҳиш додани истифодаи маводҳои пластикӣ иқдом намудааст. Ҳанӯз соли 2018, сарвазири Ҳиндустон эълон дошт, ки то соли 2022 кишварашро аз истифодабарии маводҳои пластикаи якдафъаина раҳо хоҳад кард. Моҳи июни соли 2020 дар иёлоти Тамилнад бастабандии молҳо бо ашёҳои пластикӣ, аз ҷумла, дар марҳилаи истеҳсолот комилан манъ карда шуд.

Ҳоло аз 29 иёлоти Ҳиндустон дар 25-тои он пурра ё қисман маводҳои пластикӣ истифода бурда намешавад. Барои вайрон кардани қонун то се моҳи зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар байни кишварҳои қораи Африқо дар Кения соли 2017 қонун оид ба манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ қабул карда шуд. Тибқи қонуни ҷоришуда барои истеҳсол, воридот ё фурӯши бастаҳои полиэтиленӣ ва пластикӣ то 40 ҳазор доллар ҷарима ва ё ба мӯҳлати то 4 сол аз озодӣ маҳрум таъин карда шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2019, тақрибан 300 нафар барои истифодаи халтаҳои пластикӣ дар Кения ҷарима карда шуданд.

Ба Кения дигар давлатҳои Африқо низ пайравӣ намуданд. Масалан, дар Зимбабве соли 2018 масъулон истифодаи маҳсулоти полистиролиро баъд аз он канализатсияро махкам намуд ва ҳангоми сӯзондан дар ҳавои кушод моддаҳои заҳрнок ихроҷ гардид, манъ намуданд. Соҳибкороне, ки аз истифодаи полистирол манфиат мебардоштанд, дар аввал эътироз карданд, аммо баъди таҳдиди ҷарима то 5 ҳазор доллар аз райъшон гаштанд.
Дар Тоҷикистон имрӯзҳо пакетҳои полиэтиленӣ бемаҳдудият истифода бурда мешавад. Соли 2019 дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОSCE) дар роҳҳои калони мошингарди шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва ноҳияи Рашт овезаҳо таҳти унвони “Аз истифодаи маводҳои пластикӣ худдорӣ намоед” насб гардид.

Имрӯзҳо масъулони баъзе ширкатҳои тиҷоратӣ (гипермаркети АШАН) тасмим гирифтаанд, яке аз рӯзҳои моҳи июлро ба истифода набурдани пакетҳои полиэтиленӣ бахшанд.  Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин қадамҳо метавонад миёни табиатдӯстдорон ва онҳое, ки баҳри саломатии худ ва солимии муҳити зист бетараф нестанд, ҷонибдорони зиёд пайдо намояд.

Дар хотир дошта бошед!

 Бо даст кашидан аз истифодаи пакетҳои полиэтиленӣ шумо метавонед дар солимии муҳити зисти Ватан ва наҷоти табиат саҳми худро гузоред!!!    

Ҷамолиддин Якубов, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед