3 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТАБИАТИ ВУҲУШ

0
588
боздид

Рӯзи ҷаҳонии табиати вуҳуш ҳамасола 3 март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз фурсатест баҳри ҳар яки мо барои хотиррасонӣ дар бораи зебоӣ ва гуногунии олами вуҳуш ва аҳамияти он дар ҳаёти мо. Табиат на танҳо мураккаб ва аҷиб, балки дорои хеле нозукиву асрор асту ба муҳофизати мо ниёз дорад. Шикору куштори ғайриқонунӣ ва фурӯши ҳайвоноти ваҳшӣ яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои гуногунии биологист. Бо назардошти пешгирӣ аз хатарҳои зиёди нобудшавӣ 3 марти соли 1973 конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвонот ва набототи ваҳшӣ (СИТЕС) қабул карда шуд. Бахшида ба 50 солагии қабули конвенсияи СИТЕС имсол Рӯзи ҷаҳонии табиати вуҳуш таҳти шиори «Ҳамкорӣ барои ҳифзи табиати вуҳуш» таҷлил мегардад.

Ҳамкорӣ метавонад дар ҳама сатҳҳо, сар карда аз имзои  шартномаҳои калони байналхалқӣ то ташкил намудани маҳфилҳои экологӣ дар мактабҳо зоҳир шавад.

Дар давоми ним аср ҳамкорӣ кисми асосии фаъолияти СИТЕС буд. Ҳамаи иштирокчиён якҷоя барои як ҳадаф — ҳифз ва нигоҳдории намудҳои дар зери хатар қарордошта кор мекарданд. Ҳукуматҳои кишварҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои СММ, шахсони алоҳида, хайрхоҳон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мубориза бо хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва камшавии табиати вуҳуш ҳамфикрии бесобиқа нишон доданд. Ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ дар саросари сайёра барои ҳифзи намудҳои нодир ва экосистемаҳо ҳамкорӣ зарур аст.

Конвенсияи СИТЕС хариду фурӯши намудҳои нодир ва нобудшавандаро ба танзим медарорад. Рӯйхати онҳо дар се замима оварда шудааст. Ба Замимаи 1 — он намудҳои нодиртарине дохил ҳастанд, ки зери хатар қарор доранд ва аз табиат хориҷ кардани онҳо метавонад ба популятсияи намуд зарари ҷуброннопазир расонад. Дар замимаи II — номгӯи намудҳои нодир оварда шудаанд, ки шумораи онҳоро бо иҷозати махсус танзим кардан мумкин аст. Замимаи III- намудҳоеро дарбар мегиранд, ки дар рӯихати байналмилалии ҳифзшаванда дохил нестанд, вале ба Китоби Cурхи давлатҳои алоҳида дохил карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон 24 июни соли 2015 конвенсияи байналмилалии СИТЕС-ро дар бораи хариду фурӯши намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот ба тасвиб расонд.

Аз ҷумла, баъди тасвиби конвенсияи СИТЕС дар Тоҷикистон ҳуқуқи додани иҷозатнома (литсензия) барои хариду фурӯши ҳайвонот ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ (транзит, кӯчонидан, иҷозаи ҳудудӣ) қарордошта  квота муайян карда шудааст.

                                   «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед