Чӣ тавр инсон метавонад обуҳаворо идора кунад….

0
732
боздид
Кишти абрҳо барои тағйир додани обу ҳаво яке аз усулҳои маъмултарин маҳсуб меёбад.

  

Тавлиди боришоти сунъӣ оё имкон дорад?

  Ё чӣ тавр инсон метавонад обуҳаворо идора намояд

Инак ду моҳи зимистони мавсими имсола дар водиҳо бебориш сипарӣ гашт. Асри ХХ1 ҳамчун асри рушди технологияҳои навтарин маҳсуб меёбад, аз ин рӯ суоле пайдо мешавад, ки дар сурати наборидани барфу борон дар вақти зарурӣ оё дар ягон кишвар олимон ба таври сунъӣ технологияи эҷод кардани боришотро кор карда баромада бошанд? Аз рӯи маълумотҳои дастраснамудаамон таҷрибаи идора кардани обуҳаворо дар баъзе кишварҳо ба таври фишурда манзури хонандагони азиз мегардонем.

Таъсири фаъол ба обуҳаворо дахолати инсон дар ҷараёни равандҳои атмосферӣ  меноманд, ки бо роҳи тағйир додан дар вақти муайян бо хусусиятҳои физикӣ ва химиявӣ дар баъзе қисматҳои атмосфера бо воситаҳои техникӣ ба амал бароварда мешавад. Ба ин амалҳо — ба вуҷуд овардани боришот ва барф аз абрҳо, пароканда кардани абрҳо ва туманҳо, пешгирӣ намудани жола, бартараф кардани сардиҳои вазнин дар қабати болоии ҳаво дохил мешаванд.

Инсоният барои дигаргун кардани обу ҳаво аз замонҳои қадим кӯшиш мекард, вале кор карда баромадани технологияҳои махсус барои таъсир расондан ба атмосфера танҳо дар асри ХХ ба инсоният даст дод.        Кишти абрҳо барои тағйир додани обу ҳаво яке аз усулҳои маъмултарин маҳсуб меёбад. Бо ин усул дар ҷойҳои хушкӣ фароҳам овардани борон ва ҳамчунин пешгирии зарари жола ба хоҷагии халқ имкон дорад.        Якумин кӯшиши муваффақонаи илмӣ барои коштани абрҳо соли 1940 аз ҷониби муҳаққиқони ширкати General Electric Co. сурат гирифт, вале бинобар сабаби нобоварӣ барои ноил шудан ба муваффақият мутахассисони ширкат аз ин тиҷорат даст кашиданд.       Дар ИҶШС аввалин талоши «эҷоди обуҳавои идеалӣ” аз ҷониби мутахассисони обуҳавошинос дар солҳои 60-ум пеш гирифта шуд. Солҳои 1960-ум дар Иттиҳоди Шӯравӣ технологияи мубориза бар зидди жола таҳия гардид. Бо кӯмаки ракетаҳои жолазан мутахассисон бо ворид намудани реагенти махсус дар ҷойҳои муайяни абрҳо раванди заиф намудани шаклгирии жоларо амалӣ намуданд ва яке аз нишондодҳои ин таҷриба  — дар натиҷаи истифодаи усул хисорот аз жола 5-7 маротиба коҳиш ёфт.

Соли 1990 аз ҷониби мутахассисони Госкомгидромет технологияи нави фароҳам овардани шароити табиӣ таҳия гардид ва бори аввал ин усул соли 1995 бо мақсади пароканда кардани абрҳо ҳангоми таҷлили ҷашни 50-солагии  Ғалабаи ИҶШС ба муқобили фашизми Гитлерӣ истифода бурда шуд. Таи чанд сол мешавад, ки дар Русия усули пароканда намудани абрҳоро дар вақти баргузории ҷашнҳои калон истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки барои пароканда кардани абрҳо нуқраи йоднок, кристаллҳои бухоршудаи нитрогени моеъ, яхи хушк ва дигар компонентҳо ба таври фаъол истифода бурда мешавад. Аз баландии якчанд ҳазор метр тавассути ҳавопаймо ба муқобили абрҳои қабатноки ҷамъшуда яхи хушк ба шакли гранулаҳои дорои 2 см дарозӣ бо диаметри 1-1,5 см пошида мешавад. Ҳангоми расиш ва бархӯрдани гази ангидриди карбон ба тӯдаи абрҳо намие, ки дар он мавҷуд аст, аввалан «сард» гашта, тадриҷан маҳлул мегардад. Ба абрҳои қабатноки боронӣ нитрогени моеъ истифода мешавад, вале барои фурӯпошии абрҳои ғуншуда  зарраҳои сементро низ истифода мебаранд. Барои гузаронидани ин амалиёт ҳавопаймоҳои махсуси таҷҳизонидашудаи Ил-18, Ан-26 ва Ан-12  истифода бурда шудаанд.

Моҳи октябри соли 2009 олимони Русия дар маркази шаҳри Маскав, ки ҳавои абрнок ҳукмфармо буд, бо истифода аз усулҳои электрофизикӣ давоми 2 соат абрҳоро пароканда намуда, ҳавои софу беғуборро фароҳам оварданд.

Як усули дигари пайдо кунондани борон, яъне шаклдиҳии қатра аз абрҳои  беборон маъмул аст, ки дар ин усул омехтаи йод ва нуқра истифода бурда мешавад. Ин таҷрибаи амрикоиён аст. Мутахассисони ИМА бо истифода аз радари Doppler, ки параметрҳои ҳаракати боришот ва зичии об дар абрҳоро муайян мекунад, таҷрибаи «гардолудкуни»-и абрҳоро дар Австралия гузарониданд.

Метеорологҳои чинӣ барои ҳалли мушкилот эҷоди барфҳои сунъиро озмоиш менамоянд:  онҳо барои тавлиди боришот аз абрҳои Тибет истифода мекунанд. Моҳи апрели соли 2007 мутахассисони чинӣ бо мақсади пешгирӣ намудани обшавии пиряхҳои Ҳимолой дар баландии 4,5 км дар минтақаи Натсюй, ки дар шимоли Тибет ҷойгир аст, боришоти сунъиро тавлид карданд. Барои тавлиди барфҳои сунъӣ заҳрхимикатҳои фаъол, мисли иодиди нуқра- воситае, ки боронро аз абрҳо ҷудо мекунад, истифода бурда шуд.

Обуҳавошиносони чинӣ ҳамзамон усули мубориза бар зидди тармафароиро низ пайдо кардаанд. Моҳияти технологияи зиддитармафароӣ дар он аст, ки барфҳои пайдарпай рехташударо намегузоранд, ки ба қабатҳои бузург табдил ёбад. Бо ин мақсад харитаи минтақаҳои тармафаро таҳия гардида, мониторинги минтақаҳои хатарноки тармафаро гузаронида мешавад. Бо пайдо шудани шароити муайян барои титу парешон кардани тармаи ҷамъшуда аз силоҳҳои махсус кор гирифта мешавад.

Айни замон дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон тақрибан 150 лоиҳаҳои бо роҳи сунъӣ тағйир додани обуҳаво мавҷуд аст.

 

Мушоҳида аз фазо

доир ба тағйир ёфтани обуҳаво

23 январ як гуруҳ намояндагони ташкилоту идораҳои мухталифи давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва расонаҳои иттилоотии кишвар бо мақсади иштирок дар конфронси иқлимии Алмаато дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд. Ҳангоми парвози тайёраи Астана Эйр дар Душанбе ҳаво гарм ва бебориш буд.

Манзараи камборишии барфро дар баландкуҳҳои кишвар аз баландии 8000 метр аз дохили тайёра бемалол мушоҳида кардан мумкин буд.

23.01.2018, соати 11-15 дақиқа

Вақте тайёра ба фазои Қазоқистон ворид шуд, роҳбаладон хабар расониданд, ки дар шаҳри Алмаато сардии ҳаво ба 18 дараҷа баробар аст. Воқеан, бо вуҷуди ҳукмфармо будани ҳавои офтобӣ аз шамоли сард  сару рӯй карахт мешуд.

Ҳангоми бозгашт сардии ҳаво дар фурудгоҳи Алмаато асбоби ҳароратсанҷ 27 дараҷаро нишон медод. Аз маълумотҳои ба нашррасондаи расонаҳои иттилоотии Қазоқистон маълум гардид, ки дар ҳамин шабу рӯз хунукии ҳаво дар шаҳри Остона то ба 54 дараҷа расида, ҳайвоноти зиёди хонагӣ талафот дидаанд. Қобили зикр аст, ки ҳаракати абрҳо аз дохили тайёра дар фазои Тоҷикистон хеле назаррабо буд. Ва ин ҳаракат ва гардиши абрҳо дар рӯзҳои 27-30 январ боиси сард шудани ҳаво ва оқибат ба рехтани барф оварда расонид.

   Омодасоз Ҷамолиддин Яқубов

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед