АҲАМИЯТИ АНГАТ ДАР ХОҶАГИИ ХАЛҚ

0
5548
боздид
Ангат растании мезофитӣ- ксероморфӣ аст.

 

АҲАМИЯТИ АНГАТ ДАР ХОҶАГИИ ХАЛҚ

           Табиати кишвари мо  аз растаниҳое ки асоси манбаи ғизоианд  бой буда, барои тайёр кардани маҳсулотҳои гуногуни табии хизмат мекунанд. Моҳияти витамин барои организм аллакай маълум аст, ки бештари витаминҳо дар шакли сабук дар таркиби меваи растаниҳои киштшаванда ва ороишӣ мавҷуданд. Диққати бештарро меваи растаниҳои буттагӣ аз ҷумла ангат, хуч, қот, ғубайрои сиёҳдона ва ғайра ҷалб намудаанд.

Ангат (Hippophae rhamnoides L.) намуди ёбоишакли буттагӣ ё  дарахти начандон калон буда, ареалаш ҳудудҳои Аврупо ва Осиёро фаро гирифтааст. Ангат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои фитосенологиаш дар нишебиҳои қисмати ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбии қаторкўҳҳо асосан дар зинаи набототи соҳили дарё дар баландиҳои 700-3550 м аз сатҳи баҳр месабзад.

Ба авлоди Hipophae L  аз оилаи  Elaganaceae Lindl ду намуд дохил мешавад, ки яке аз онҳо H. SalicifoliaD. Don

дар Ҳимолой дар баландиҳои 2000-3500 м аз сатҳи баҳр месабзад дигаре бошад Rhamnoides L.

буда ареали хеле васеъ дорад. Дар қаторкӯҳҳои Хитои шимолӣ ва дар тарафи шимолу ғарби Ҳимолой, дар қаторкӯҳҳои Осиёи Миёна аз ҷумла дар Помиру Олой васеъ паҳн гаштааст. Аммо бо роҳи дурагакунӣ навъҳои гуногуни онро барои истеҳсолот ба монанди Дар Катунӣ, Новост Алтая, Золотой початок, Масличная ва Витаминная  ба вуҷуд оварда шудаанд.

Hippophae rhamnoidesтдар хоҷагии ҷангаллпарварӣ аҳамияти  мелиоративӣ дорад ва  ҳамчун нигоҳдоранди эрозияи хок ба ҳисоб меравад. Дар  регзорҳои дарё ба осонӣ маскан гирифта бо системаи  решааш ба монанди тӯр хокро иҳота карда онро аз обшусташавӣ нигоҳ медорад. Қобилияти биологии системаи решаи ангат ин фиксатсия кардани нитрогени атмосфера аст, зеро дар он микоризаи перитрофӣ дар шакли кораллмонанд инкишоф  меёбад. Ангат растании мезофитӣ- ксероморфӣ аст.

Барои парвариш дар соҳаи хоҷагидорӣ  онро аз тухм, решапоя, навда зиёд кардан мумкин аст.  Аз рӯи ороишӣ будани меваю барг  ва бўйи хуш онро барои зебогардонии шаҳру деҳот, дар пеши биноҳою беморхонаҳо, дар саҳни ҳавлии мактабҳо истифода бурдан мумкин аст.

Ангат растании духонагӣ буда, гулаш якҷинса ва бо роҳи анемофилӣ гардолуд мешавад. Мевааш қаҳраборанги зард ё зарди сурхтоб буда охири моҳи август ва аввали сентябр ба пухтан шурӯъ мекунад. Дар ин вақт меваҳо маззаи турш дошта, бўйи хуш доранд, ки бӯйи ананасро ба хотир меорад. Аз ин рӯ ангатро дар Сибир ананаси сибирӣ мегӯянд. Аз давраҳои пеш таъсири мусбии меваи коркаршудаи он ба организми одам муайян карда шудааст. Афшураи консентронидаи ангат дар худ миқдори зиёди витамини С ва коратин дошта  барқароршавии ҳолати кории организмро ба амал меорад.

Тадқиқотҳои Ж. И. Гатина (1963) ва Н. Г. Салатов (1974) исбот намуданд, ки Hippophae rhamnoides ба хокҳои гуногун эътино зоҳир мекунад, асосан ба хусуияти физикавию химиявӣ ва намнокии хок таассуроти баланд дорад.  Дар соҳили дарёҳо хеле хуб сабзида меваи фаровон мебандад, зеро хоки онҷо аллювилиалии регдор, ки таркибаш  аз боқимондаҳои органикӣ ва баъзе намакҳои минералӣ (асосаш намаки фосфорӣ)  бой аст. Шароити хоки ангат бояд  реаксияи  нейтралӣ (рН 6,5 — 7) дошта бошад,   вақте ки шароити бештар барои  инкишофёбии  он фароҳам оварем, дар решаи он лӯндаҳои микориза хуб инкишоф меёбанд.

Қиммати ангат дар меваи он аст, зеро онро дар саноат барои тайёр кардани ҷем, консерва, туршиҳо, нӯшокиҳо, ликер васеъ истифода мебаранд. Аз меваи ангат кислотаи себро гирифтан мумкин аст. Дар Ҳиндустон шираи онро барои табобати бемориҳои шуш истифода мебаранд (Watt, 1892). Ангатро ҳамчун ранги табии барои абрешим, пашм ва варақ истифода бурдан мумкин аст. Гулаш ранги зард, шохҳо ва баргонаш ранги сиёҳ медиҳанд.

Ангат ҳамчун  растании поливитаминӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи дар таркибаш  доштани кислотаи аскарбинат (витамини С) ангат дорои навъҳои гуногуни мевадиҳанда гаштааст. Вобаста  ба ин Hippophae rhamnoides ҳамчун манбаи гаронбаҳои табии витамини С ба њисоб меравад масалан дар таркиби ангати Осиёи Миёна 150-200 мг витамини С мавҷуд аст. Витамини С дар маҳсулотҳои аз ангат тайёркардашуда хеле хуб нигоҳ дошта мешавад ин ба аскарбиноксидазаи дар таркиби мевааш буда вобаста аст. Кислотаи аскарбинат дар он дар шакли махсус ва озод мавҷуд аст. Дар таркиби буттамеваи он витаминҳои барои саломатӣ зарур мавҷуданд аз ҷумла витаминҳои В1, В2, В3, каротин (провитамини А), витамини Е, F. Аз таркиби  витаминҳои гурӯҳи F кислотаҳои равғании линоленин (15,6%) ва линоленонин дида мешаванд.

Р моддаҳои фаъоли таркиби ангатро биофлавоноидҳо ташкил медиҳанд, ки миқдори уммумии онҳо 100-200 мг аст. Дар байни онҳо квертсетин, кемпферол, изоквертсетин, рутин, лейкоантотсианҳо, катехинҳо ва моддаҳои даббоғие, ки кислотаҳои галлениро ҳосил мекунанд, муайян карда шудааст (Демина, 1964).  Пайватагиҳои фенолӣ дар пайдошавии ранги зарди шираи меваи ангат иштирок карда ба он маззаи тунд медиҳанд, инчунин хусусияти бактеритсидияи онро ба амал меоранд. Аз витаминҳои дар об ҳалшаванда аз таркиби ангат тиамин (В1), рибофлавин (В2) ва кислотаи фолиевиро ҷудо намудаанд.

Саҳми калонро дар омӯзиши равғани меваи ангат В. Н. Ручкин (1929) гузоштааст. Вай қайд намудаст, ки равғани таркиби тухми Hippophae rhamnoides қимати хело баланд дошта, консентрати тибиии витамин ба њисоб меравад. Суммаи каротиноидҳо дар равғани ангат то 240мг % мерасад. Дар он инчунин то 330 мг% алфа, бетта, гамма токоферолҳо (витамини Е) мавҷуд аст. Сад грамм меваи тару тозаи ангат нормаи дувуним шабонарӯзаи витамини С ва Р, зиёда аз талаботи нимашабонарӯзии одамро нисбати витамини Е таъмин менамояд.

Қиммати равғани ангат ба кислотаи равғани таркиби он ки онро витамини F меноманд низ вобастагӣ дорад. Дар равғани он инчунин моддаҳи фаъоли биологӣ ба монанди стеринҳо, фосфолипидҳо, холин, бетаин, фитохинон (витамини К) мавҷуданд. Аз рӯи дар таркибаш доштани стерин- 2,6% равғани ангат аз равғани пахта, офтобпараст, ҷуворимакка, арахис, гандум бартарӣ дорад.

Дар таркиби меваи ангат дар қатори витаминҳо инчунин қанд, килотаҳои органикӣ, аминокислотаҳои ивазнашаванда, пектинҳо низ мавҷуданд. Миқдори қанди таркиби мевааш 2-3%ро ташкил медиҳад аммо дар навъҳои меваашон ширин қанд то 4-5%ро ташкил медиҳад. Миқдори кислота дар таркибаш 4%ро ташкил дода маззаи турши шираи мева ба онҳо вобастагӣ дорад.

Hippophae rhamnoides растании рӯшноидӯст буда дар нишебиҳои зич байни  растаниҳои дарахтӣ мева намбасата нисбатан барвақт мемирад. Дар   шароити табии  бо воситаи тухм ва  решапоя афзоиш мекунад. Истифодаи бенизоми ангат ба он оварда расонидааст, ки захираи он хело кам шудааст. Дар баъзе минтақаҳо маҳсулнокии табииаш паст шудаистодааст, ин аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Асосан аз тарафи аҳолӣ ҷамъоварии мева,  чаронидани чорво ба ҷамоаи он таъсири манфӣ расонда баргу навдаҳои ҷавону самароварашро чорвои калони шохдор истеъмол менамояд дар баъзе минтақаҳо аҳолӣ пояашро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарад.  Чорво пояаашро мехарошанд ин онро ба хушкшавӣ оварда мерасонад, инчунин  решапояаашро кофта мебароранд ин пайдо шудани навдаҳоро монеа мешавад. Барои хоҷагиҳои боғпарварӣ лозим меояд ки ангатро аз касалиҳои занбурӯғӣ муҳофизат намоянд. Таъсири омилҳои манфӣ барои хоҷагиҳои боғдорӣ зарари калони иқтисодиро ба вуҷуд меоранд ба ҳамаи ин омилҳо нигоҳ карда ангат ба ҳифз ва парвариш ниёз дорад.

М. М. Пришвин қайд намудааст: «Табиатро муҳофизат кардан ватанро дӯст доштан аст».

 

МЕҲРАНГЕЗ  ЗУРБЕКОВА, омўзгори

кафедраи химия ва экологияи коллеҷи

техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед