АКСИЯИ КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

0
586
боздид

Ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рӯзи 25 апрел дар ноҳияи Роштқалъа аксияҳои “Ободию кабудизоркунӣ мароми мост!” ва “Тозагӣ – гарави саломатӣ” гузаронида шуданд.

Тавре Зуҳро Муллоикматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, дар аксияҳо зиёда аз 90 нафар сокинону ҷавонон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, бахши кор бо ҷавоно ва варзиш беш аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, кучату гулҳои ҳархеларо дар маркази ноҳия шинонда, роҳҳои асосӣ, боғҳо ва гирду атрофи биноҳоро тоза намуданд. Мавриди зикр аст, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Тавдем, Тусён, Мирсаид Миршакар ва дигар ҷамоатҳои ноҳия босуръат ҷараён дошта, бонувону ҷавондухтарон ҳам дар онҳо фаъолона ширкат менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед