АЗ ЧӢ ГУНА ҲАВО НАФАС МЕГИРЕМ?
Маркази мониторинги муҳити зист ҷузъи таркибии Муассисаи давлатии Обуҳавошиносӣ маҳсуб ёфта, аз солҳои шастуми асри 20 инҷониб дар ин бахш корҳо ба сомон расонида мешаванд. То давраи солҳои 92-юм, дар миқёси ҷумҳурӣ 21 нуқтаи омӯзиши атмосфераи ҳаво мавҷуд буд. Гузашта аз ин, дар он солҳо дар мавриди зарурӣ бо санҷишгоҳи сайёр ба ноҳияҳо рафта, сифати ифлосии атмосфераи ҳаво ташхис карда мешуд. Мутаасифона, ҳоло чунин корҳо аз байн рафтааст. Дар замони мо 5 нуқтаи омӯзиши ифлосшавии атмосфераи ҳаво фаъолият мекунад, ки барои пурра маълумот додан дар бораи вазъи ҳавои кишвар кифоя нест. Аз чӣ гуна ҳаво нафас гирифтан ба ҳамаи мо шояд аҷиб менамояд, зеро бидуни ҳаво нафас гирифтан имконнопазир аст, бе нафасгирӣ инсон зиндагӣ карда наметавонад. Аммо Барои таъмини ҳавои тоза ҳар як инсон бояд андеша кунад. Агар ҳар нафар як донагӣ дарахт шинонад, ҳавои маҳалли зисташ озодаву покиза мешавад. Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар пойтахти кишварамон зиёда аз 1 миллион одам зиндагонӣ мекунанд. Сокинони пойтахт як бор ба худ савол диҳанд, ки онҳо барои тозагии ҳавои шаҳр чӣ кореро анҷом додаанд? Аз рӯи маълумотҳои коршиносон як гектар ҷангали дарахтон қудрати тоза кардани 18млн. м3 ҳаворо дорад. Бигзор дарахт нашинонем, лекин ба табиат набояд зарар расонем, дарахтонро нашиканем ва табиатро ифлос накунем. Мо бисёр вақт дар бораи «табиат» суханҳои зебо мегӯем, аммо фаромӯш мекунем, ки худи инсон як ҷузъи ҷудонашавандаи табиат аст. Мафҳуми муҳофизати табиат маънои дароз кардани умрро дорад. Ифлосшавии ҳаво ба тамоми мавҷудоти зиндаву ғайризиндаи табиат таъсир мерасонаду дар навбати худ онҳо ба ҳаво низ таъсири худро мерасонанд. Маълум аст, ки аксарияти растаниҳо ва дарахтзору ҷангалзорҳо қодиранд на танҳо оксиген ҳосил намоянд, балки ҳавои шаҳрро аз омехтагиҳои зарарнок тоза мекунанд. Аз ин рӯ тамоми сокинони пойтахт ва ҷумҳуриро даъват менамоям, ки дар кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок варзида, барои беҳбудии сифати ҳавои атмосферӣ мусоидат намоянд. Аз ҷониби мутахассисони Маркази мониторинги муҳити зист маълумот дар бораи ҳолати ҳавои атмосферии ҷумҳурӣ дар шакли ҷадвал омода карда шудааст. Аз маълумотҳои дар ҷадвал овардашуда маълум мегардад, ки дуоксиди сулфур аз меъёр баланд аст. Аз маълумотҳои ба дастомада чунин натиҷа бардоштем, ки дуоксиди азот дар соли 2003 аз меъёр баланд буда, дар солҳои минбаъда мувофиқи меъёр қарор гирифтааст. Фармалдегид дар соли 2004 аз меъёр баланд буда, ба 1.3 ҲМҒ (ҳудуди муайяни ғализӣ (ПДК)) баробар аст. Бояд зикр сохт, ки ифлосшавии атмосфераи ҳаво, масалан фармалдегид аз ҳисоби партовҳои пӯсида баланд мешавад. Ба баландшавии дуоксиди сулфат сӯзиши наклиёт таъсир мерасонад.
Дар ҷадвали зер фарқияти байни солҳои 2003-2012 нишон дода шудааст. Дар ин ҷадвал дуоксиди азот аз меъёр баланд нест.
Дуоксиди азот дар соли 2003 аз меъёр баланд мебошад. ҲМҒ-и он ба 0,04 мг. баробар аст.Формалдегид соли 2004 аз меъёри муқарраршуда баланд мебошад ҲМҒ –и он ба 0,003мг. баробар аст.
Ҷадвали маълумотҳо доир ба ҳавои атмосферӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дар нӯҳ моҳи соли 2014 Дуоксиди сулфат (SO2) дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Турсунзодаю Спитамен
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо дуоксиди сулфат аз меъёр баланд нест. Ҳадди муайяни ғализшавии дуоксиди сулфат ба 0,05 баробар мебошад. Яке аз масъалаҳои мушкили дигар ин шаҳри Ёвон мебошад. То соли 1992 дар ин шаҳр 3 нуқтаи омӯзиши ҳавои атмосферӣ мавҷуд буд. Дар айни замон ягон нуқтаи омӯзиши ҳавои атмосферӣ кор намекунад.Ҳол он ки дар ин шаҳр корхонаҳои зиёди саноатӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла заводҳои сементбарорӣ, злектрохимиявӣ, хиштбарорӣ ва ғайраҳо. Солҳои пеш ҳавои атмосферии ин шаҳр зери назорат буд, ҳоло бошад дар кадом сатҳ қарор дорад, номаълум аст. Назорати сифати обҳои рӯизаминӣ, ки аз шаҳри Душанбе ҷорӣ мешавад, (Кофарниҳон, Варзоб, Лучоб, Душанбинка) нишон дод, ки соли 2013 сифати обҳои рӯизаминӣ аз меъёри ҲМҒ (ПДК) баланд нест. Фони нурафкани дар шаҳр дар ҳудуди 15- 16мкр/с аст, ки аз меъёр баланд нест.
Гулбаҳор САИДОВА, Сардори Маркази мониторинги муҳити зисти МД «Обуҳавошиносӣ»