Субҳи рӯзи 16 ноябр як қатор хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ бо мақсади иштирок дар маросими баистифодадиҳии агрегати якуми НБО Роғун дар назди меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҷамъ омада буданд. Соати 10-у 15 дақиқа корвони автобусҳо аз шаҳри Душанбе ба сӯи Роғун роҳ пеш гирифт. Аз нигоҳи ҳар як нафар умед ба фардои боз ҳам дурахшонтари Тоҷикистон эҳсос карда мешуд.
Тақрибан пас аз ду соати паймудани роҳ автобусҳо ба шаҳраки сохтмончиёни Роғун ворид гардиданд. Аз баландӣ оби нуқрафоми обанбори Роғун, ки ба шаҳраки сохтмончиён ҳусни дигар зам мекард, ба чашмҳо нуру зиё мебахшид.
Дар шаҳраки сохтмончиён коргарон даста-даста барои иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба мавзеъи бунёди садди неругоҳ роҳ пеш мегирифтанд.
Дар шаҳраки сохтмончиён, дар маконе, ки идораи ҶСК Тоҷикнақбсоз қарор дошт, дидани вохӯрии ду нафар собиқадори меҳнат, ки дар Роғун то соли 1987 бо ҳам кор кардаанд, хеле таассуротбахш буд.
Як мӯйсафеди рус, ки ба асо такя мекард, бо яке коргарони НБО гарму самимӣ суҳбат мекард. Ҳангоми суҳбат маълум гашт, ки мӯйсафед дар солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳайси бригадири нақбсозон фаъолият доштааст.
Мавсуф худро чунин муаррифӣ намуд: — Осипов Владимир Данилович, шаҳрванди Федератсияи Русия, сокини вилояти Ростов, шаҳри Землянск.
Солҳои 1977 -1987 дар сохтмони нақбҳои нақлиётгузар саҳм гузоштааст. Мавсуф зимни суҳбат иброз намуд, ки ҳарчанд дар Русия зиндагии хуб дорад, аммо ҳушу ёдаш ба Тоҷикистон аст. Зеро дар ин ҷо давраҳои беҳтарин ҷавониву фаъолияти меҳнатиаш гузаштааст. В. Осипов гуфт, ки ӯ чанд муддат пеш барои меҳмонӣ ба хонаи духтараш, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, омада будааст. Дар хусуси баистифодадиҳии агрегати аввали НБО Роғун аз газетаи “Азия плюс” огоҳӣ пайдо мекунад. Ва аз масъулин хоҳиш мекунад, ки исмашро дар руйхати иштирокчиён шомил намоянд. Ин хоҳиши Осиповро масъулин бечунучаро иҷро мекунанд. Аз он ки ӯ дар маросими баистифодадиҳии агрегати аввали НБО Роғун иштирок мекунад, ифтихорманд аст.
Ҳамсуҳбати дигари мо, ки худро Юсупов Маҳмад муаррифӣ намуд, дар сохтмони НБО Роғун беш аз 40 сол собиқаи корӣ дорад. Айни замон саркори нақбканҳо дар ҶСК Тоҷикнақбсоз мебошад. Ӯ 18 майи соли 1976 аз хизмати аскарӣ ҷавоб шуда, 9 июли худи ҳамон сол ба кор оғоз карда,.бо Осипов В. даҳ сол ҳамкор будааст.

— Вақте ман Владимир Даниловичро дар ин ҷо дидам, тақрибан 15 дақиқа ба ӯ назар дӯхтам, чеҳрааш ба назарам ошно, вале дар тасаввурам намеғунҷид, ки ин собиқ ҳамкори мо бошад – ба суҳбат оғоз кард М. Юсупов ва илова намуд:- Зеро огоҳ будам, ки ӯ зиёда аз 30 сол пеш баъди ба нафақа баромаданаш ба Русия кӯч баста буд. Вақте бо Осипов Владимир якҷоя кор мекардам, ман ҷавонтар будам, лаҳзаҳои ширин ва душвореро, ки паси сар кардем, пеши назарам ҷилвагар шуданд.
Аз суҳбат бо Маҳмад-ака бармеояд, ки ӯ дар ин ҷо якчанд нафар собиқадорони Роғунро, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанду барои иштирок дар маросими баистифодадиҳии агрегат даъват шудаанд, дидааст.
Вақте аз Маҳмад-ака пурсон шудем, ки имрӯз агрегати нахустин ба кор дароварда мешавад, чӣ таассуроте ӯро фарогир аст, ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зад ва бо овози ларзон гуфт: — Шукр, ки ба ин рӯзи хурсандӣ расидем. Заҳматҳои чандинсолаи мо имрӯз натиҷа дода истодаанд. Ман борҳо меандешидам, ки оё чунин рӯзе фаро мерасида бошад, ки ба кор даромадани агрегатро бо чашмонамон бинем. Шукри беҳад. Пеш аз ҳама барои дастгириву кӯмак ба Сарвари давлатамон ҳамду сано мехонем. Маҳз ташаббус ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ин иншооти азим кор ҷоннок гардид. Ҳама коргарон бо маоши хуб таъмин карда шуданд. Чанд боре, ки Сарвари мамлакат ба ин ҷо меомаданд, коргаронро руҳбаланд месохтанд. Ду рӯз пеш, яъне 14 ноябр дар Қасри миллат Президенти мамлакат ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба зиёда аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Дар бригадаи нақбканҳо, ки роҳбариашро М.Юсупов ба дӯш дорад, 10 нафар нақбканҳо фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо собиқаи зиёда аз 20 соли корӣ доранд. 3 нафар нақбканҳо низ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.

Воқеан НБО “Роғун” иншооти бузургу муҳиме мебошад, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад. Дар ин иншооти бузург албатта аксарияти коргаронро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, аммо ба ҷуз аз мутахассисону муҳандисони тоҷик шаҳрвандони дигар кишварҳо низ, монанди Русия, Украина, Олмон, Итолиё, Эрон ва Чин ва ғ. фаъолият менамоянд.
Дар ҷое, ки автобусҳои мо қарор кардаанд, чанд нафар мутахассисони эрониро дучор омадем, ки дар ширкати лоиҳакашӣ фаъолият мекардаанд. Яке аз онҳо бо исми Алӣ Ғешбипур, ки ба ҳайси муовини директори яке аз ширкатҳои лоиҳакашӣ дар НБО Роғун фаъолият дорад, зимни суҳбат ба хабарнигорон иброз дошт, ки теъдоди 5 ширкати паймонкор ва 3 ширкати мушовири лоиҳакашии Эрон дар кор мекунанд.Бино ба гуфтаи мавсуф дар маҷмуъ дар НБО Роғун ҳудуди 350 — 400 нафар муҳандисону мутахассисони эронӣ фаъолият менамоянд. Алӣ Ғ., ки дар худи Эрон ва чанд кишварҳои ҷаҳон дар сохтмони НБО ширкат намудааст, аз назари бузургии ҳаҷми туннелҳо, корҳои зеризаминӣ, ки анҷом шудааст, ҳаҷм ва баландии садд, ба мисли Роғун, ки метавонад барқ тавлид кунад, дар ягон кишвари дигари дунё вонахӯрдааст…
Ба ҷои хулоса
Ҳамин тариқ, то оғози маросими тантанавии ифтитоҳи нахустин агрегати НБО Роғун гуруҳи хабарнигорон бо ин иншооти бузурги таърихӣ, ки яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфтаву бо дастуру ҳидоят ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайкориҳои халқи тоҷик рӯи кор омадааст, аз наздик ошно шуданд. Қобили зикр аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани дигар агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар кишварамон корхонаҳои зиёди калони саноатӣ арзи ҳастӣ менамоянд. Ва боварии комил дорем, ки ин барои гузариши Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ –саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами ҷиддие мегардад
“ИНСОН ВА ТАБИАТ”