АЗ ЗАБОНИ ЗАНБӮРИ АСАЛ

0
2378
боздид
Оилаи занбӯри асал

Субҳ ба хайр, фарзанди инсон!

         Мебинам, ки пагоҳии барвақт, пас аз наҳорӣ пайи коре мешитобӣ. Дилам ба асале, ки дар пиёлаат боқӣ монда буд, месӯзад, зеро дар он маҳсули меҳнати даҳҳо занбӯрони асал боқӣ монда, исроф мешавад. Ҳоло мехоҳам ба ту дар бораи заҳмати занбӯрон дар пайи истеҳсоли асал қисса кунам. Умед аст, ки минбаъд эҳтиёткор шавӣ.

Оилаи мо аз се намуди занбӯрон иборат аст, ки инҳо модарзанбӯр, занбӯрҳои корӣ ва нарзанбӯрон мебошанд. Зиндагии мо аз рӯйи низоми муайяне ба роҳ монда шуда, моро лозим меояд, ки ҳамроҳ зиндагӣ кунем. Аз ин ҷост, ки ягон тои мо мустақилона вуҷуд дошта наметавонем.

Инсонҳо занбӯрони асалро дар қуттиҳо ё бошишгоҳи сунъие нигоҳ медоранд, ки онҳо «канду» ном бурда мешаванд. Дар ҳар як канду аз 20 то 80 ҳазор занбӯри асал ҷой гирифта, оилаи занбӯрро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди зиёд будани афроди оила занбӯрони асал чӣ дар муносибат ба ҳамдигар, чӣ дар тақсими корҳо ягон мушкилие надоранд. Ҳамаи афроди оила муттаҳид буда, ба низоми дохилӣ беҳад тобеанд ва агар бо сабабе аз оила дур монанд, дар танҳоӣ ба ҳалокат мерасанд.

Модарзанбӯрро баҳайси шоҳи хонадони занбӯрони асал ном бурдан мумкин аст, ки муттаҳид будани мо ба ҳастии он вобастагии зич дорад. Модарзанбӯр ягона занбӯри модаи аз ҷиҳати ҷинсӣ инкишофёфта мебошад, ки имконияти бордоршавӣ ва тухмгузорӣ дорад. Вазифаи модарзанбӯр давом додани насли занбӯри асал мебошад. 

Нарзанбӯрон, ки шаклу сураташон аз занбӯрҳои дигар андаке фарқ мекунад, кореро ба иҷро намерасонанд. Вазифаи ягонаи нарзанбӯрон бордор кардани модарзанбӯрҳо мебошад. Ҷуфтшавӣ бо модарзанбӯр дар ҳавои гарми офтобӣ ба амал меояд ва занбӯри нар пас аз бордор кардани модарзанбӯр нобуд мешавад.

Занбӯрҳои корӣҳамон занбӯрҳои модае ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҷинсӣ инкишоф наёфтаанд. Онҳо қисми асосии оилаи занбӯри асалро ташкил медиҳанд. Аз кашондани ғизо ва тарбияи насл сар карда, то ба нигоҳ доштани ҳарорату намнокии зарурӣ дар лона ва умуман ҳамаи корҳои дохил ва беруни канду ба дӯши занбӯрҳои корӣ гузошта шудааст.

Лонаҳои мо — занбӯрон аз шумораи зиёди шашкунҷаҳои баробартараф иборат аст, ки онҳоро мо аз мум месозем. Оё ягон бор фикр кардаӣ, ки чаро мо лонаҳоямонро секунҷа, чоркунҷа ё панҷкунҷа не, балки маҳз шашкунҷа месозем? Лонаҳои шашкунҷа барои ҷойгир кардани асал, ғизои захиравӣ, фардҳои занбӯри асал ва умуман барои насли онҳо шакли мувофиқтарин ба ҳисоб меравад.

Мо асалро аз шаҳди гули дарахту растаниҳо тайёр мекунем. Барои тайёр кардани асал моро лозим меояд, ки намнокии шаҳдро аз 50-60 % ба воситаи бод кардан то 20% кам карда, онро ба глюкоза ва фруктоза табдил диҳем ва сипас рӯяшро бо пардаи мумӣ пӯшонем. Вобаста ба он ки мо асалро аз шаҳди кадом намуди растанӣ тайёр мекунем, таъм ва рангу бӯйи асал гуногун мешавад.

Таркиби химявии асал мураккаб буда, дар он то 300 модда мавҷуд аст, ки фруктоза, глюкоза, об, моддаҳои азотӣ, ферментҳо, витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳар гоҳе растаниҳои асалдеҳ гул мекунанд, ҳаракати мо — занбӯрон зиёд мешавад, зеро мо мехоҳем аз фурсат истифода карда, бисёртар асал захира кунем. Сипас занбӯрони корӣ аз рӯйи таърифи онҳо ба мавзеи ҷойгиршавии растаниҳо рафта, шаҳди гулҳоро ҷамъ меоранд.

Ҳамин тавр ҳамаи он заҳматҳое, ки мо мекашем, дар ниҳояти кор ба фоидаи инсон аст. Аслан, агар бо чашми таҳқиқ нигарем, на танҳо меҳнати занбӯрони асал, балки меҳнату заҳмати ҳамаи мавҷудоти рӯйи замин ба хотири одамизоданд, яъне ба шумо, инсони мӯҳтарам, нигаронида шудаанд. Аз он ҷое, ки ҳамаи мавҷудоту махлуқот ба хотири инсон офарида шудаанд, масъулияти инсон будан ҳам хеле гарон будагист… Ва ногуфта намонад, ки ҳамчун инсон шумо метавонед аз зиндагии мо – занбӯрони асал ба худ дарси зарурие бигиред.

Тасаввур кунед, ки чӣ гуна метавон дар оилае, ки аз 80 ҳазор занбӯр иборат аст, тақсимоти корро бехато ба роҳ монд? Чаро занбӯрон беист кор мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, барои худ не, барои дигарон зиндагӣ карда, бо истеҳсоли асал машғуланд? Шояд ин ҷиҳати масъала барои андеша кардан арзанда бошад?!

Хуршед Сафаров, номзади илмҳои филология, ДМТ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед