Ба ифтихори 80 солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»

0
2017
боздид
Мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"

 

Ба ифтихори 80 солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»

Яке аз мавзеъҳои  нотакрор ва зеботарини гӯшаи табиати кишварамон мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ дидани зебоиҳои ҳам минтақаи рангоранги биёбон ва ҳам минтақаи туғайзор, ки бо ҷангалҳои касногузару кӯлҳои сершумор иҳота гаштааст, қалбҳоро тасхир месозад.

Соли 1937 Инспексияи давлатии шикории ҷумҳуриявӣ экспедитсияи махсусро ташкил намуд, ки вазифаи асосии он интихоби минтақаи ташкилшавии мамнуъгоҳ буд. Комиссия минтақаи мамнуъгоҳи аввалинро дар поёноби дарёи Вахш дар майдони 50 ҳазор гектар пешниҳод намуд, ки аз ин наздики 18 ҳазор гектараш бо ҷамоаҳои туғай, 10 ҳазор гектараш бо марғзорҳо, 5 ҳазор гектараш бо кӯлҳо ва 17 ҳазор гектараш бо ҷамоаҳои биёбон банд буданд.

Бо мақсади нигоҳдорӣ, омӯзиши ҳайвоноту наботот ва флораю фаунаи хоси ҷангалҳои резишгоҳи поёноби дарёи Вахш, ки зери таъсири антропогенӣ дучори нестшавӣ гашта буданд, чоруми ноябри соли 1938 бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ташкил ёфт.

Туғайзорҳо, яъне ҷангалҳои резишгоҳи дарёи Вахш асосан аз сафедору ҷигда (санҷид) иборат буда, заминҳои шӯрахокро бештар буттаҳои газ, шӯрабуттаҳою хостак ва ғайра банд намуданд. Дар алафзорҳо бошад, аслан шиббоғ, ширинбия, шутурхор, шураҳои гуногун, аҷириқ, қиёғ, явшони фарғонагӣ, қушабарг ва ғайра вомехӯранд. Дар соҳилҳои дарё ва назди кӯлҳо асосан найзорҳою лухзорҳо мерӯянд. Марғзору алафзорҳои дуртар аз найзорҳо бештар аз сарнай (эриантус), найшакар, қалам, кандир (рустании нахдор) ва ғайра иборат аст. Дар қисми биёбонии мамнуъгоҳ ҷамоаҳои гуногуни рустаниҳои хушкидӯст (ксерофитҳо) паҳн гаштаанду майдонҳои хеле зиёдро ишғол намудаанд. Дар таркиби онҳо намудҳои гуногуни буттаҳо, алафҳои яксолаю бисёрсолаи гуногун мерӯянд. Байни онҳо ҷойи намоёнро аз буттаҳо намудҳои саксавул, зағоза, ҷузғун, қушабарг ва аз рустаниҳои алафӣ бештар бобуна, ғеш, хушадорҳои гуногун, лолахасакҳо, юнучқаҳою нахутакҳои гуногун, явшон ва ғайра ишғол менамоянд.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» на танҳо эталони ҷангалҳои набототи резишгоҳи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки эталони набототи ҳама минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷойгиршавии экосистемаҳои табиӣ дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» барои фаъолияти ҳайвоноти ширхӯру парандаҳои муқимию мавсимӣ хеле қулай мебошад. Дар ин ҷо туғайзорҳо дар ҳамсоягӣ бо манзараҳои биёбон ҷойгиранд, ки барои ғизогирию истироҳати ҳайвонҳо хеле муфид аст. Ҳайвонҳои дар туғайзор  гаштугузоркунанда аксар вақт пагоҳирӯзӣ дар биёбон чаро намуда, бо гарм шудани рӯз дар дохили ҷангалҳо истироҳат мекунанд.

Дар қаламрави мамнуъгоҳ дар тӯли солҳои 1973-2000-ум 14 ҳодисаи ба амал омадани сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмуъ майдони ишғолкардааш ба 6346,38 га мерасад.

Мувофиқи маълумотҳои овардаи А. Давлатов флораи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз 72 оила, 304 авлод ва 604 намуди рустаниҳои олии спорадору гулнок ташкил ёфтааст. Аз шумораи умумии рустаниҳои олии мамнуъгоҳ 1 оилаю 15 авлод ва 27 намудаш ба ушнаҳо, як намудӣ ба сархасҳою чилбуғумҳо ва 5 намуди дигараш ба зағозаҳо тааллуқ доранд. Рустаниҳои гулдор бошанд, аз 68 оилаю 286 авлод ва 570 намуд иборатанд, ки аз ин шумора 10 оилаю 63 авлод ва 120 намудаш ба рустаниҳои якпаллагӣ ва боқимонда 58 оилаю 223 авлод ва 450 намудаш ба рустаниҳои дупаллагӣ дахл доранд. Тавре маълум мешавад, асоси флораи мамнуъгоҳро рустаниҳои гулдор ташкил намуда, сархасҳою чилбуғумҳо хеле кам ва лучтухмҳо тамоман мушоҳида намешаванд, ки ин яке аз хислати фарккунандаи флораи мамнуъгоҳ мебошад. Фарқи дигари флораи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз флораи дигар туғайзорҳои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки дар таркиби онҳо намояндагони авлодҳои хеле паҳнгаштаи туғайзорҳо мисли бед, ангат ва бобопирак ба қайд гирифта нашудааст.

Олами ҳайвоноти мамнуъгоҳ бошад, хеле бойю гуногунанд. Дар кӯлу дарёҳо 16 — намуд моҳӣ мисли зағорамоҳӣ, лақамоҳӣ, хромула, сихмоҳӣ ва белмоҳӣ ва ғайра сайру гашт менамуданд. Аз ҳайвоноти хазанда бошад, морҳои заҳрдори кубро, гурза ва мори афъӣ, инчунин калонтарин калтакалоси қаламрави ҷумҳурии мо сусмор «тимсоҳи биёбонӣ» вомехӯранд. Дар қаламрави мамнуъгоҳ парандаҳои хеле гуногуни муқимию мавсимӣ мисли каргас, зоғ, кабутар, дуғдоғ, кабк, қози оби, қу, говдара, шабкари ботлоқӣ, лошахӯр, мурғобӣ, лаклаки сиёҳ, қози хокистаранг ва ғайра зиёданд. Дар фасли тобистон кӯлҳои мамнуъгоҳ пур аз парандаҳои мавсимӣ мегашт, ки саршумори онҳо то бо 57 ҳазор мерасид. Мурғи тазарви тоҷикӣ на танҳо ифтихори мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», балки ифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ягона минтақае дар қаламрави ҷумҳурӣ буд, ки дар он саршумори ин ҷонвар хеле зиёд буд.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 30 намуди ҳайвонҳои ширхӯр ба қайд гирифта шуда буд. Бештар ҷейран, хорпӯшт, шабпарак, оҳуи бухорӣ, оҳуи даштӣ, гуроз, рубоҳ, хорпушт, бузи кӯҳии шохпеч, калламуши туркестонӣ, гург, паланги туронӣ, кафтор, гурбаи найзор, шағол ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Мутаасифона «шоҳи дарандагон» — и мамнуъгоҳ – паланги туронӣ, ки яке аз бузургтарину зеботарини ин гурӯҳи ҳайвонҳо буд, ибтидои соли 1977 фарди охирини фавтидаи онро дар резишгоҳи дарёи Евфрат дарёфтаанд.

Саида Давлатова, унвонҷӯи кафедраи иқтисод ва идораи КАС-и факултети Иқтисод ва идораи ДМТ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед