БАБР

0
565
боздид
Ибтидои солҳои 30-юми асри XX дар туғайзорҳои канори дарёи Вахш аз 15 то 20 cap бабр мавҷуд будааст.

 

 

БАБР Panthera tigris virgata (Illiger, 1815)

ҚАТОРИ ДАРАНДАҲО — CARNIVORA, ОИЛАИ ГУРБАШАКЛҲО — FELIDAE Ҳайвони дарандаест, ки аз байн рафтааст. Бабрҳо дар 3-солагӣ болиғ мешаванд.  Давраи ҳамли бабрҳо 105 — 112 рӯзро дарбар мегирад. Дар ҳар 2 — 3 сол бабр метавонад аз 2 то 4 бача таваллуд намояд. Бабри модина метавонад дар умри худ то 30 бача таваллуд кунад. Ареали паҳншавӣ: Пештар фақат дар қисмати маҳдуди ҷануби ғарби Тоҷикистон вомехӯрд.

Солҳои 30-юми асри XX ноҳияи паҳншавии бабр доманаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва шояд Кофарниҳонро дар бар мегирифт. Солҳои 50-уми асри XX бабр хеле кам шуд, изи охирин ва мурдаи онро дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тобистони соли 1953 дучор шудаанд.

Ибтидои солҳои 30-юми асри XX дар туғайзорҳои канори дарёи Вахш аз 15 то 20 cap бабр мавҷуд будааст. Аввали солҳои 40- ум дар туғайзорҳои Тоҷикистон тахминан 10-12 cap бабр боқӣ монд. Соли 1948 дар масофаи 100 км-и туғайзори соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш фақат сето изи бабрро пайдо кардаанд. Дар туғайзори дарёи Қизилсу аз 3 то 5 cap бабр зиндагӣ мекард. Айни ҳол ин ҷонвар дар Тоҷикистон боқӣ намондааст. Босуръат аз худ кардани заминҳои водии Вахш дар солҳои 40-уми асри 20, шикори зиёди холгул (гавазни бухороӣ) ва ҷейран (ғизол), ки хӯроки асосии бабр мебошанд, боиси кам шудани саршумори бабр, инчунин таъқиб ва паррондани он ба маҳдудияти сукунатгоҳи бабр боис гашт. Тадбирҳои муҳофизат ва таҷдид. Бабр дар Замимаи I-и «Конвенсия оид ба савдои байналхалқии ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи худрӯй, ки дар зери хавфи нестшавианд» ба қайд гирифта шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед