Балҷувон – минтақаи туризми байналмилалӣ

0
829
боздид
Шаршара дар Сари Хосор

Балҷувон – минтақаи туризми байналмилалӣ

     Балҷувон яке аз ноҳияҳои таърихии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нафаре, ки як бор ба ин минтақа меояд, аз табиати рангин, роҳҳои серсангу кӯҳҳои сарсабз, арчазорҳои анбӯҳ, шаршараҳои нодир, мазорҳои таърихӣ ва обҳои шифобахшаш мафтун гашта, қалбу рӯҳаш моломоли фараҳ мегардад.

Мавзеъҳои тамошобоби ноҳияи Балҷувон дар ҷамоати Сари Хосор, ки дар қисмати шарқии ноҳия ҷойгир шудааст, қарор дорад. Ҷамоати деҳоти Сари Хосор асосан ноҳамвор буда, 97%-и онро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва аз сатҳи баҳр дар баландии 1385 метр ҷойгир шудааст.

Шаршараи Мулоконӣ яке аз мавзеъҳои зебои табииест, ки таваҷҷӯҳи чӣ сайёҳони дохилӣ ва чӣ хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Шаршара аз се чашма, ки дар баландии 100 метр ҷойгиранд, ибтидо мегирад. Ин шаршараро мардуми маҳаллӣ бо номи шаршараи Пушти боғ мешиносанд. Аз рӯи нақли сокинони деҳаҳои атроф дар ин мавзеъ қаблан боғе мавҷуд будааст, ки бо ҷорӣ шудани оби зиёд вайрон мешавад. Ба қавли сокини деҳаи Мулоконӣ Саид Маҳмудов дар ин ҷо солҳои пешин масҷиди калоне будааст, ки то 30 толибилмон аз домулло Сабз ном шахс сабақ мегирифтаанд.

Яке аз мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор бо номи Оби гӯгирд маъруф аст, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо оби он барои шифоёбии беморони гирифтори  касалиҳои пӯст  манфиатовар аст.

Шумораи дарахтони азимҷусса ва зиёда аз як аср умрдошта дар Сари Хосор хеле зиёд аст. Умри дарахти шинги деҳаи Тутконии Шингидараро мӯйсафедони маҳаллӣ аз 1300 сол боло медонанд. Нақл мекунанд, ки дар гузашта маросиму ҷашнҳои миллӣ дар гирди дарахти шинг мегузаштааст. Занҳо барои талаби мурод ба шохҳои дарахт латта мебастанд, ки ҳоло ҳам ин анъана давом дорад.

Дар деҳаи Резгаӣ дарахти чормағзе мавҷуд аст, ки ҳамчун чормағзе, ки 1 тонна ҳосил додааст, байни мардум шинохта шудааст. Ҳолдонҳо умри онро беш аз 1000 сол медонанд. Ин чормағз дар масоҳати 0,12 гектар доман паҳн кардааст.

Дарозии  ковокии  чанор 5,4 м, бари он 3,4 м ва баландии ковокӣ  2,6 метрро ташкил мекунад. Синну соли ин чанор қариб ба 2000 сол мерасад. Баландиаш 60 метр, диаметри танаи он 18 метрро ташкил мекунад. Ғафсии шохаи асосӣ 3 м 15 см, дигар шохаҳояш 2 метр ғафсӣ дорад.

Ноҳияи Балҷувон бо табиати нотакрораш ба ҳар як сайёҳ хотираҳои фаромӯшнопазир боқӣ мегузорад.

Аҷаммеҳр

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед