БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА АКСИЯИ «ТОЗАГИИ СОҲИЛ” ДАР Ш. ТУРСУНЗОДА БО ИШТИРОКИ ШЕРАЛИЗОДА БАҲОДУР АҲМАДҶОН

0
578
боздид

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои кабудизоркуниву ободонӣ вусъати тоза пайдо карда истодааст.

Субҳи рӯзи 6 феврал бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар шоҳроҳи Турсунзода –Душанбе бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ҳашари ниҳолшинонӣ ва аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

Ҳамчунин дар маъракаи дарахтшинонӣ ва аксияи “Тозагии соҳил” 14 нафар намояндагони васоити ахбори омма бо мақсади дастгирӣ аз ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Турсунзода Лоиқ Раҳмонов вобаста ба маъракаи ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи имсола дар ҳудуди шаҳр бояд 6540 адад дарахтони ороишӣ, сояафкан шинонида мешуд. То имрӯз зиёда аз 2800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Навобод, Регар ва Работ, инчунин кормандони ташкилоту идораҳои дар шоҳроҳ ҷойгиршуда дар маҷмуъ 3,500 нафар дар маъракаи ниҳолшинонӣ, аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” иштирок намуданд. Бо ҳашари дастаҷамъона 370 адад ниҳоли арча, намуди можевелник шинонида шуд.

Аз соҳилҳои дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент тибқи маълумоти додашуда 20 куб партовҳо тоза гардида, ба партовгоҳи марказии шаҳр бароварда ва ҷойгир карда шуданд.

Зимни суҳбат раиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ Шукуров Абдуқосим иброз дошт, ки тайи 4 соли охир мешавад, ки дарёи Қаратоғ мисли пешин сероб нест. Сабаби ин пеш аз ҳама гарм шудани иқлим ва кам ба қайд гирифта шудани боришот дар солҳои охир мебошад. Солҳои пешин сатҳи оби дарё баланд мешуд ва ҳангоми тезоб шудан маҷрои дарё соҳилҳоро мешуст. Ҳоло рӯзҳои боронӣ дар пеш ҳастанд. Аз тарафи ҳукумати шаҳр дар якҷоягӣ бо мақомотҳои марбута, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Турсунзода чанде пеш бо мақсади пешгирӣ аз селбиёӣ дар минтақаҳои аҳолинишини ду тарафи дарёи Қаратоғ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки доир ба гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” қарори раиси шаҳри Турсунзода ба имзо расида, маъракаҳо пайваста то моҳи сентябри соли ҷорӣ доир карда хоҳад шуд.

   “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед