Тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тагйирёбии иклим дар Чумхурии Точикистон

0
48456
боздид
Мутахассисону коршиносон аз вазорату идораҳои давлатӣ, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар.

                                                                         

БАРУЙХАТДАРОРИИ ГАЗҲОИ ГУЛХОНАӢ, СИСТЕМАИ МОНИТОРИНГ, ҲИСОБОТДИҲӢ ВА САНҶИШ, АРЗЁБИИ ТАЪСИРПАЗИРӢ ВА ТАДБИРҲОИ МУТОБИҚШАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз муаммоҳои асри 21 ба шумор меравад. Коршиносони соҳа ба хулоса омадаанд, ки газҳои гулхонаӣ сабабгори асосии тағйирёбии иқлими сайёра гардидааст.

Рӯзҳои 29-30 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ дар мавзӯи “Баруйхатдарории (инвентаризатияи) газҳои гулхонаӣ, системаи мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (МҲС), арзёбии таъсирпазирӣ ва тадбирҳои мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  семинар баргузор гардид.

Дар семинар мутахассисону коршиносон аз вазорату идораҳои давлатӣ, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар оғози семинар намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Нуриддин, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода ва роҳбари Барнома оид ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, энергетика ва муҳити зисти UNDP (БРСММ) Наргизахон Усмонова дар назди ҳозириин суханронӣ намуданд.

Зимни маърӯзаи худ Нурализода Н. қайд намуд, ки тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба иллати тағйирёбии иқлим то як ҳазор пирях ба нобудӣ расидааст. Давоми 5-6 соли охир бошад шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 25 фоиз зиёд шудааст.

Ҳукумати кишвар Нақшаи милли амалро оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд. Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳими Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд.

Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Конфронси 21-уми ҷонибҳои иштирокдори Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим санадеро бо номи “Саҳми пешбинишаванда ва муайяншавандаи миллӣ” омода кард, ки он арзёбии ҳолати кунунӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаро дарбар мегирад.

Нурализода Н. изҳори умедворӣ намуд, ки семинар барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба муҳокимаи партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки сабабгори тағйирёбии иқлим мебошад, имконияти мусоид фароҳам меорад.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Абдураҳмонзода С. зимни маърузаи хеш иброз дошт, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи Фонди иқлими Сабз мебошад. Аз ин рӯ саъю талошҳо барои андешидани чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим натиҷаҳои мусбат ба бор оварда истодаанд.

Тибқи мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст, шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометеорологии табиӣ зиёд шудааст.

Пиряхҳо ва экосистемаҳои куҳии Тоҷикистон, ки захираҳои обии минтақаро ташкил мекунанд, на танҳо дар таъмини рушди устувори кишвари мо, балки минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозанд. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва андешидани тадбирҳои саривақтии мутобиқгардонӣ ҳам ба ҳифзи экосистемаҳои куҳӣ ва ҳам рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷои охир ва дар миқёси ҷаҳон ҷои 132-ро ишғол менамояд.

Абдураҳмонзода С. дар охири маърӯзааш изҳори боварӣ намуд, ки дар кори семинар барои коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва табдирҳои мутобиқшавӣ аз тарафи иштирокчиён тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад гардид.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Агентии обуҳавошиносӣ дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ лоиҳаи “Омода намудани аввалин ҳисоботи дусола оид ба руйхатгирии газҳои гулхонаӣ ва Чаҳорумин гузориши миллии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи Қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим”-ро амалӣ намуда истодааст. Яке аз вазифаҳои лоиҳа омода намудани Аввалин ҳисоботи дусола оид ба руйхатдарории газҳои гулхонаӣ мебошад,

Роҳбари Барнома оид ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, энергетика ва муҳити зисти UNDP (БРСММ) Наргизахон Усмонова зимни маърӯзаи хеш қайд намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуд ва то имрӯз се Ҳисоботи миллӣ оид ба тағйирёбии иқлимро омода намудааст. Моҳи октябри соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон  саҳми муайяншудаи худро дар сатҳи миллӣ мутобиқ ба сессияи 19-и Конфронси ҷонибҳо пешниҳод намуд.

Баруйхатгирии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар давраи солҳои 2004- 2014 ва азнавсозии омилҳои эмиссия барои сарчашмаҳои калидӣ якчанд категорияҳо ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ҷумла, энергетика, равандҳои саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, партовҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи лоиҳа дониста мешаванд, ки дар семинари имрӯза мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба “Омода намудани ҳисоботи дусола оид ба руйхатгирии газҳои гулхонаӣ ва Чаҳорумин гузориши миллии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи Қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим”  Миниқулов Насриддин иброз дошт, ки тибқи нақша вазифаи мо бо методологияи нав азнавбаҳисобгирии натиҷаҳои баруйхатгирии газҳои гулхонаӣ, ки дар Маърузаи сеюми миллӣ солҳои 2004-2010 оварда шудааст, иборат буд. Дар доираи лоиҳа мо ба таври муқоиса натиҷаҳои баруйхатгириро аз соли 2011 то соли 2014 азнав ба ҳисоб гирифтем- гуфт Н.Миниқулов

Сипас мутахассисон аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, Раҷабова С. дар мавзӯи “Тайёр намудани мавод барои гузаронидани баруйхатгирии газҳои гулхонаӣ барои солҳои 2004-2014”, Куропаткина Н. дар мавзӯи “Амалӣ намудани баруйхатдарории газҳои гулхонаӣ дар сохтори “Энергетика” барои солҳои 2004- 2014”, Кириллова Т. дар мавзӯи “Арзёбии газҳои гулхонаӣ дар бахши “Равандҳои саноатӣ” барои солҳои 2004-2014, Сафаров Ш. дар мавзӯи “Баруйхатдарории газҳои гулхонаӣ дар сохтори “Хоҷагии қишлоқ” барои солҳои 2004- 2014”, Устян И. дар мавзӯи “Баруйхатдарории газҳои гулхонаӣ дар сохтори “Истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал” барои солҳои 2004- 2014”, Бузруков Ҷалил Дар мавзӯи “Арзёбии баруйхатдарории газҳои гулхонаӣ дар бахши “Партовҳо” барои солҳои 2004- 2014”, Каримов У. дар мавзӯи “Натиҷаҳои баруйхатдарории газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004- 2014” маърӯзаҳои ҳисоботӣ пешниҳод намуданд.

 

Пас аз қисмати саволу посух ва муҳокимаи ҳисоботи маърӯзачиён Мушовири байналмилалӣ доир ба баруйхатгирии газҳои гулхонаӣ ва системаи мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (МҲС) Христова Виолета дар мавзӯи “Системаи МҲС-и Тоҷикистон чӣ гуна буданаш лозим?” маърӯзаи васеъ ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки миёни Гузориши миллӣ аз Ҳисоботи дусола фарқ гузоштан лозим аст. Масалан, аз тарафи коршиносони байналмилалӣ барои санҷиши Гузоришҳои миллӣ иқдом карда намешавад, аммо ба ҳисоботҳои дусола ҳатман таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Бинобар ин, дар маърӯзаҳои ҳисоботии дусола маълумотҳои мушаххасро доир ба вазъияти миллӣ, механизмҳои институтсионалии амал нисбати коҳиш додани оқибатҳои таъсири тағйирёбии иқлим, кадастри миллии газҳои гулхонаӣ метавон ҷой дод. Пас аз ҳар як маърӯза саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар рӯзи дуюми семинар миёни иштирокчиён доир ба якчанд мавзуъҳо, аз ҷумла вазъи экосистемаҳо, санитария, тандурустӣ, падидаҳои гидрометеорологӣ табодули афкор сурат гирифт. Дар охир иштирокчиён ба чунин натиҷа расиданд, ки аз маълумотҳои бадастовардашуда нисбат ба мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас андешидан лозим аст. Зеро таъсири тағйирёбии иқлим сол аз сол ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бештар шуда истодааст. Фаъолияти инсон ба муҳити атроф ба таври манфӣ арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи маълумотҳои ҷамъовардашуда дар Ҳисоботи дусола оид ба руйхатгирии газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, то охири сол ба Котиботи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим  пешниҳод мегардад.

 

     Ҷамолиддин Якубов, “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед