Боздиди мутахассисони Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) аз факултетҳои ДМТ

0
498
боздид

Санаи 2 июни соли ҷорӣ мутахассисони Институти муҳити зисти Финландия (SYKE) Катарина Бёрклоф (роҳбари гуруҳ), Олга Ковру ва Юха Рихимяки пас аз анҷоми мулоқот бо муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон тибқи нақшаи пешакӣ аз факултетҳои химия, биология ва журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Зимни боздид аз факултетҳои болозикр бо роҳбарият ва устодони факултетҳои болозикр мулоқот анҷом дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финландия – (SYKE) Ёддошти тафоҳум оид ба амалигардонии Лоиҳаи Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Яке аз бандҳои лоиҳа ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисони ҷавон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Финландия яке аз кишварҳои рушдкардаи Аврупо мебошад, ки ба сифати унсурҳои муҳити зист – об, хок, ҳаво, ки сифати ҳаёт аз онҳо вобастагии калон дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Тибқи маълумотҳои оморӣ Финландия аз лиҳози сифати ҳаёт ва дарозумрӣ дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум қарор дорад.

Мутахассисони финландӣ ва садорати факултетҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз соли нави хониши 2023-2024, яъне дар тирамоҳи имсол барои мутахассисони ҷавон ва донишҷӯёни факултетҳои химия ва биология оид ба мониторинги сифати обҳои дарё ва кӯлҳо дарси омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Барои донишҷӯёни факултети журналистика ва журналистони касбӣ бошад бо мақсади тарзи дурусти инъикоси мавзӯи сифати обҳои рӯизаминӣ баргузор кардани дарси омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Умед ва боварӣ дорем, ки баргузор кардани дарсҳои омӯзишӣ доир ба тарзи дурусти пешниҳоди маводҳои журналистӣ дар мавзӯи сифати обҳои рӯизаминӣ, равона кардани таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинар ба стандартҳои байналмилалӣ – ISO, ки ин дар навбати худ ба баланд гаштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед