АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
Бози (болобони )
туркистонӣ
Falco cherrug coatsi
Қатори Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes
Оилаи Шоҳинҳо ‒ Falconiidae
Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар кӯҳҳои Муғул, қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш ва мавзеъҳои наздикӯҳии Оқтов, Хоҷақозиён вомехӯрад.
Муҳити сукунат
Ҷойи хоси сукунати он нишебиҳои кушодаи қаторкӯҳҳо, водиҳои байникӯҳӣ ё фазои кушод (даштҳо, майдонҳо, адирҳо), ки дар баландиҳои аз 600 то 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд ба шумор меравад. Лонаҳои ҷуфтҳои лонагузор дар масофаи 25-30 км аз ҳамдигар дур ҷойгир шудаанд.
Саршумор
Дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 30 ҷуфти ин паранда лона мегузорад. Саршумори бози туркистонӣ сол аз сол маҳдуд мегардад.
Хусусиятҳои биологӣ
Парандаи лонагузори кӯчанда мебошад. Дар синни яксолагӣ ба балоғат мерасад. Дар тарқиши харсангҳо, ҷариҳои ҷангалзор лона гузошта аз 2 то 4 тухм мегузорад. Тухмгузорӣ моҳи феврал-март ҷараён мегирад. Давомнокии чӯҷабарорӣ 28-30 рӯзро дар бар мегирад. Баъди лонаро тарк кардан фардҳои ҷавон дар муддати 30-40 рӯз барои шикорро омӯхтан бо ҷинсҳои нарина ва модина монда, баъдан мустақил мегарданд. Аз хояндагон ва парандагон ғизо мегирад. Ба сифати парандаи соҳибчангол барои шикор аз ҷониби завқмандон истифода бурда мешавад.
Парвариш дар шароити сунъӣ
Дар шароити сунъӣ ва парваришгоҳҳо хуб парвариш ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда
Вайрон кардани лонаҳо, доштан бо мақсади тиҷорат омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори бози туркистонӣ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Сайди ғайриқонунӣ ва доштани чӯҷаҳои бози туркистониро пешгирӣ намудан зарур аст. Ба мақсади барқарор намудани саршумори ин паранда парваришгоҳи махсус барои афзоиш кунонидани он ташкил намудан лозим аст.