ДАР ш. ТУРСУНЗОДА СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ГАРДИД

0
1116
боздид

29 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Турсунзода бо иштироки кормандону мутахассисони сохторҳои мухталифи шаҳри Турсунзода, аз ҷумла, деҳқонон, омӯзгорон, коршиносон аз Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Кумита, Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ ва кормандони Марказҳои Орхуси ш. Душанбе ва ш. Турсунзода семинари омӯзишӣ дар мавзӯи истифодабарии оқилонаи захираҳои замин баргузор гардид. Дар назди иштирокчиён мушовири кишоварзӣ оид ба гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Кумита Ҳукуматшо Шарипов дар мавзӯи “Идоракунии устувори замин”, сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологии Кумита Саломат Назарова дар мавзӯи “Роҳҳои гузариш ба иқтисоди сабз дар Тоҷикистон”, сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологии Кумита Бозор Абдураҳмов дар мавзӯи “Истифодабарии стандартҳои экологӣ дар самти ҳифзу нигоҳдории захираҳои замин” ва роҳбари Маркази Орхуси ш. Душанбе Ҷ. Яқубов дар мавзӯи “Моҳият ва принсипҳои Конвенсияи Орхус” маърӯза ва презентатсия намуданд.

Ҳамзамон устодони ДМТ Азимҷон Раҳмонзода ва Амриддин Шарипов дар мавзӯҳои “Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ” ва “Масъалаи истифодабарии об ва дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон” дар назди иштирокчиён маърӯза намуданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо иштирокчиёни семинари омӯзишӣ ба музокира баромада, изҳор доштанд, ки деҳқонони ш. Турсунзода ба дастурамалҳои алоҳида дар масъалаҳои компосткунонӣ ва мулчаронии замин ниёз доранд.

Аз тарафи маърӯзачиён қайд гардид, ки доир ба мавзуъҳои таклифгардида то ҳадди имкон барои омода намудани дастурамалҳо иқдом карда хоҳад шуд.

 
«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед