ДУШАНБЕ — САЙҚАЛИ РӮИ ЗАМИН

0
822
боздид

Душанбе — қалби Тоҷикистон мебошад. Ҳамагӣ огоҳем, ки Душанбе қабл аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолие беш набуд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорҳои калони хариду фурӯши мол машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва навоҳии дурдаст ин ҷо омада молу колояшонро мефурӯхтанду маводи рӯзғор харида, бозпас мегаштанд.
Мадорики таърихӣ шоҳиди он аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум аслан ба кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.
Шурӯъ аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуд. Ин шаҳри афсонавӣ рӯз ба рӯз тараққӣ карда ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд. Мардуми меҳнатқарини Душанбешаҳр ва ноҳияҳои гирду атроф дар як муддати кӯтоҳ ин мавзеъро ободу дилоро намуданд, ки биноҳои боҳашамати замонавӣ, коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои бузурги фарҳангиву илмӣ кунун зеби дили кишвар мегардиданд. Марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо, Театри опера ва балет, Театри академӣ — драмавӣ, мактабҳои типи нав ва дигар иншоотҳои муосир бунёд гардиданд. Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таъсис ёфтанд, ки ҳазорон мутахассисони ксбиро омода намуда ба бозори меҳнат равона намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз марказҳои бузургтарини илмию фарҳангии Тоҷикистон гашт.
Қалби кишвари паҳновари моро беҳуда шаҳри ҷавонӣ наменоманд, зеро ин ҷавоншаҳр маҳз зи дасти ҷавонони оқилу бономуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Замони ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гарчанд Душанбе аз ҳама бештар зарари беш дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои ҷавонпарвари кишвар барқарор гардид.
Ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем ва гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба қалби мо шодию фараҳи тоза мебахшад. Сокинону меҳмонони шаҳр пайваста барои ободӣ ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зебову раънотар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳор ниҳолу дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида мешаванд.
Шоми зебои 20 – уми апрел тамошои Душанбеи азиз, аниқтараш сайри гули лола баромадам. Аз хона баромада ягон – ягон қадам партофта ҷониби боғи устод Рӯдакӣ раҳсипор гардидам, зеро сайргоҳ он ҷо қарор гирифта буд. Пиёда гаштан дар фазои осудаи кишвар ва он ҳамдар қалби Тоҷикистон орзуи бачагии ман маҳсуб меёфт, ки кунун ҳамроҳам худ ҳам пиёда мешуд. Боғи зебои ҷавонон, боғи тамошобоби ҳайвонот, бинои бошукӯҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Марказҳои савдои “Баракат” – у “Тоҷикистон” оҳиста – оҳиста пушти сар мемонанд. Ана акнун
назди дарвозаи ҳашиме қарор гирифтам. Нигоштаи ҷолиби болои дарвоза ниҳоят зебову хоно буд: “Боғи Устод Рӯдакӣ”. Оре, ин ҷо боғи устоди зиндаёд, пешгоми адабиёти классики форсу тоҷик Рӯдакии тавоност. Назди боғ фаввораҳо ба само хеста таҳти мусиқии фораме мерақсиданду садбаргу лолаҳои рӯ ба рӯяшон онҳоро ҳаводорӣ намуда, чашмаку қарсак мезаданд. Баргҳои дарахтон низ ба ин раққосаҳои моҳир пайравӣ намуда, худро меларзонданд. Оре, як кам шамол мевазид.
Бо дарвозаи зебову мунаққаш вориди боғи бошукӯҳ гаштем. Ана, муҷассамаи падари шеъру каломи форсу — тоҷик Рӯдакии маъруф. Рӯ ба рӯ боргоҳи илму зиё – Китобхонаи миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Чароғҳои ба тозагӣ насбшуда, ҳуснафзои ин мавзеи диданианд. Сайри олие доштем. Чарақ – чарақ. Аксбардорҳо пайи ҳам сурати маро мегирифтанд. Гирифтан гиред, зеро ин фурсатҳо ғаниматанд. Сипас аз дохили боғ тамошокунон гузаштаму манзараи дигаре маро ошиқу шефтаи худ намуд.
Майдони начандон фаррохи кошинкоришуда. Марди баландқомати ширинрӯе бо чеҳраи омиронаи ҷиддӣ ҷониби
мо менигарист. Ё шояд маро ба ин макон хайрамақдам мегуфт. Ман “бачагӣ карда” хостам наздаш раваму бо ифтихор барояш “Дуруд!” гӯям, вале … Ду муҳофизи бадҳайбатро дар пеши ӯ дида ларза андомамро фаро гирифт, вале ӯ парвое надошт.
Мард виқор дошт. Ба ҳама бо нигоҳи омиронаи танҳо ба худаш хос менигарист. Майда – майда наздаш рафтам. Аз зинапояҳо боло мешудем. Муҳофизон нимхобу нимҳушёр буданд. Миёни арки ҳашматдор рост меистод мард. Шинохатамаш ва якбора садо задам: “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”. Оре, ӯ нахустин Асосгузори давлати тоҷикон буд. Либоси зебанда, чашму қошу абрӯвонаш ҳам басо мувофиқу муносиб ба чеҳра, тарҳи рӯяш ҷозибанок, гӯшҳояш ба андозаи муқаррарӣ: на калону на хурд, мӯйи сараш шоназада. Китфонаш васеъ, дасту бозувонаш боқуввати сергӯшт, хуллас, марди қадбаланду газгӯште будааст шоҳ. Дар сараш тоҷи зарҳалкӯб, тоҷ дар фарҳанги тоҷикон рамз аз давлатдорию соҳибҳукуматист, яъне мо миллати тоҷик аз дудаи тоҷдоронем, ки гузаштагонам ҳамагӣ тахтшин буданд.
Ҳамин гуна аз боғи “Нишони давлатӣ” ва шаршара ҳам дидан ба амал овардам. Ҳар яке аз қаблӣ зеботару ҷаззобтар шудааст. Вале аллакай ақрабаки соат 21:30 – ро нишон медод. Ноилоҷ бозгаштам ҷониби хона, вале қалбам ин ҷо — дар дохили боғи устод боқӣ монд ба умеди он, ки рӯзҳои дигар ҳатман хоҳам омад.
Хулоса, шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки симои Душанбеи азизи мо рӯз то рӯз чашмро нур мебахшаду дилработар мегардад. Биноҳои зебои муосирсохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр намои тозае зам мекунанд. Имрӯз пойтахти кишвари тоҷикон — шаҳри Душанбе ба маркази муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон мубаддал шудааст.

Мирсаиди ХАЙРУЛЛО
«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед