Ғози ҳиндӣ

0
320
боздид
Ғози ҳиндӣ дар шароити сунъӣ парвариш меёбад.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

 Ғози ҳиндӣ  (Anser indicus)

Қатори лавҳанӯлон. Anseriformes 

Оилаи мурғобиҳо.  Anatidae

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доард.EN.

Паҳншавӣ

Дар солҳои 50 — 60 -уми асри гузашта, ҳудуди паҳншавии ғози ҳиндӣ аксарият кӯлҳои Помири Шарқӣ -Зоркӯл, Қарокӯл, Рангкӯл, Шӯркӯл, Сасиқкӯл ва Яшилкӯлро фаро мегирифт. Аз солҳои 70 -уми асри гузашта ҳудуди паҳншавии он хеле маҳдуд гардид. Айни замон дар Зоркӯл ва Қарокӯл вомехӯрад.

Саршумор

Ибтидои солҳои 60 -ум ҳамагӣ 600 — 700 ва солҳои 70 -уми асри гузашта 780 сар ғози ҳиндӣ ба қайд гирифта шудаааст. Дар солҳои охир дар Зоркӯл ва Қарокӯл 210 — 220 ҷуфти лонагузори ғози ҳиндӣ вомехӯрад.

Хусусиятҳои биологӣ

Парандаи кӯчанда мебошад. Охирҳои моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май ба Помир парида меояд. Моҳҳои сентябр -октябр барои зимистонгузаронӣ ба Покистон ва Ҳиндустон кӯчиш мекунад. Баробари парида омадан ба ҷуфтҳо ҷудо шуда, ба лонагузорӣ шуруъ мекунад. Аз 4 то 6, баъзан то 8 тухм мегузорад. Марҳилаи тухмзеркунӣ 20 -22 рӯз давом мекунад. Дар парвариши насл ҳар ду ҷинс ғамхорӣ мекунанд. Ба сифати ғизо растаниҳои соҳилӣ, обсабзҳо ва гамаридҳоро истифода мебаранд. Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад.

Тадбирҳои ҳифз

Мубориза бар зидди шикори ғайриқонуниро пурзӯр намуда, навбатдорӣ ва мониторинги мавсимии популятсияи табиии ғози ҳиндиро дар давраи лонагузорӣ ва чӯҷабарорӣ дар ҳудуди муҳити сукунати он ба роҳ мондан зарур аст.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед