Шуруъ аз 26 январи соли ҷорӣ обу ҳаво якбора гарм шуд ва то имрӯз чунин ҳавои гарм ҳукмрон аст. Аҷаб аст, ки бо гарм омадани обу ҳавои фасли зимистон ҳамасола дар шоҳроҳҳо ё роҳҳои мошингарди пойтахт наврасонеро дучор меоем, ки ба фурӯши гулҳои баҳорӣ машғул шуда, гӯё аз омадани баҳор дарак медиҳанд. Ин “бизнес”- и наврасонро ҳамасола дар ҳамин шабу рӯзи фасли зимистон мушоҳида кардан мумкин аст.
Мушоҳида аз санаи 4 феврал. Қад-қади шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода, деҳаи Учқули н.Рӯдакӣ якчанд писарбачаҳо дар даст гули баҳман (маъруф бо номҳои бойчечак, гули ях, гули қосид)-ро намоишкорона ба мошинҳои роҳгузар пешкаш менамуданд.
Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба сифати “харидор” назди ду писарбача рафтам. Онҳо аз харидорон барои панҷ дона гули навшукуфтаи коғазпеч 5 сомонӣ талаб мекарданд. Пас аз суҳбат фаҳмидам, ки ин ду писарбача хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №123-и ноҳияи Рӯдакӣ будаанду гулҳои баҳориро аз куҳдомани наздики хонаашон чида, дар шоҳроҳ мефурӯхтаанд. Яке аз онҳо бо номи Абдулло гуфт, ки дар вақтҳои фориғ аз дарс ба гулфурӯшӣ машғул мешавад.
Дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гули баҳман (лот. Crocus korolkowii) —ро ҳамчун намуде тавсиф кардаанд, ки “дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад”. Нисбати тадбирҳои ҳифз чунин нукта баён шудааст: “Чиндани гули баҳманро манъ карда, дар заминҳои навкорам парваришгоҳ барпо намудан зарур аст”.
Ёдовар бояд шуд, ки ба ҷуз гули баҳман боз як гули дигари баҳорӣ –гули сиёҳгӯш (лот.Juno Tratt)-ро мардум ҳамчун муждарасони баҳор ба таври васеъ истифода менамоянд. Бесабаб нест, ки имрӯзҳо ин намуди гулро низ наврасону навҷавонон аз куҳдоманҳо чинда, дар роҳҳои мошингард барои фурӯш пешкаш менамоянд.
Бино ба маълумоти муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофиазтшавандаи Кумита Убайдулло Акрамов, “майдони сабзиши бойчечак ва гули сиёҳӯш барин гулҳои баҳорӣ аксаран дар ноҳияҳои ҷануби кишвар, махсусан навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бинобар сабаби чаронидани чорвои хонагӣ рӯ ба коҳиш овардааст”.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки чидани гулҳои баҳорӣ, ба монанди бойчечак ва гули сиёҳгӯш боиси коҳиш ёфтани ландшафтҳои табиии ҳамон минтақаҳо гардида, ҳамзамон он парвона (шапаракҳо)-е, ки барои гардолудкунии ин намуди гулҳо кумак мерасонанд, аз байн мераванд.
Моро зарур аст, ки барои ба ҳадди нестӣ нарасидани ин намудҳои гулҳои баҳорӣ тадбирандешӣ намоем.
“Инсон ва табиат”