ГУРБАЧАИ БООДОБ

0
1207
боздид

Рӯзе аз мактаб ба хона бармегаштам. Дар роҳ як гурӯҳ бачаҳоро дидам, ки гурбачаи майдаякеро бо санг зада азоб медоданду ба ҳолаш механдиданд. Раҳмам омаду ба миёни онҳо даромада гурбачаро аз азоб наҷот дода ба хона овардам. Ӯро нигоҳубин карда истодаам. Гурбача дар як вақти кӯтоҳ бо ҳама аъзоёни оилаи мо дӯст шуд. Аз сабаби оне ки ранги пӯсташ сафед аст ман ба ӯ “Сафедак” ном гузоштам. Ман ҳар рӯз ҳамроҳи Сафедак бозӣ мекунам. Гурбачаи ман аз баъзе бачаҳои қади кӯча боодобтар аст ва ман ӯро хеле дӯст медорам. Аз ҳамсолонам низ хоҳиш мекунам, ки БА ТАБИАТ ВА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ХАЙРХОҲ БОШЕД!!!

Шукрона МУРОДОВА

хонандаи синфи 1 – и МТМУ 33

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед