Санаи 4 август дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо иштироки дӯстдорони олами ҳайвоноти нодир, меҳмонони ватаниву хориҷӣ Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо озодапалангро ҳифз мекунем!” баргузор гардид.
Дар наздикии шоҳроҳи Мурғоб – Хоруғ, яъне макони баргузории ҷашнвора меҳмононро муовини Раиси ВМКБ, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, раиси ноҳияи Мурғоб ва дигар масъулони чорабинӣ пешвоз гирифтанд. Сипас бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшо, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва дигар меҳмонону мизбонон маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Бабри барфӣ ё худ Озодапаланг сурат гирифт. Пас аз маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Бабри барфӣ мактаббачагон аз ҳудуди ноҳияи Мурғоб гимни Озодапалангро суруданд, ки ба меҳмонон хеле писанд омад.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Д. дар ифтитоҳи ҷашнвора доир ба муҳимияти баргузор кардани ин чорабинӣ аз минбар чунин ибрози назар намуд: “Бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзу ин соат дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоб як чорабинии бошукуҳи дӯстдорони табиат баргузор гашта истодааст. Хусусияти фарқкунандаи Фестивал аз семинару конфронс дар он аст, шумораи иштирокчиён бемаҳдуд аст. Дар фестивал иштирокчиёни асосӣ бояд мардуми маҳаллӣ бошанд. Онҳо бояд донанд, ки дар атрофи масъалаи хеле муҳим ҷамъ омадаанд. Аз тарафи дигар дар доираи фестивал барномаи фарҳангӣ барпо кардан зарур аст. Озодапаланг аз дур бо умед ба суи мо нигоҳ мекунад, ки онҳо аз тарафи одамон ҳифз карда мешаванд.
Аслан инсон ҷоеро барои зист интихоб мекунад, ки боигариҳои табиат зиёданд. Дар табиати ин диёр озодапаланг худро озод ҳис мекунад. Мо онҳоро интихоб накардаем, балки онҳо ин сарзаминро интихоб кардаанд, зеро медонанд, ки авлодони мо озодапалангро дӯст медоштанд. Ба хотири чунин боигариҳои табиат, мисли озодапаланг таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб карда тавонем. Сайёҳон он кишвареро барои сайру тамошо интихоб мекунанд, ки он ҷо сулҳу оромист ва мардумонаш табиатдӯстанд. Хушбахтона Тоҷикистон кишвари ба ин меъёрҳо ҷавобгӯст.

Раиси Кумита дар охири суханронӣ бори дигар ба масъулони чорабинӣ — сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ва раиси ноҳияи Мурғоб барои ташкил кардани чунин як чорабинии бошукуҳ изҳори сипос намуда, ба ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия туҳфаҳои варзиширо тақдим намуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Раиси вилоят Ё. Файзов, Президенти Академияи илмҳои ҶТ Ф. Раҳимӣ ва раиси ноҳияи Мурғоб суханони табрикӣ намуданд. Фестивал бо суруду таронаҳои дилошӯби тоҷикӣ, қирғизӣ ва дигар халқияту миллатҳо ба поён расид.

Хотиррасон мешавем, ки дар баргузор кардани фестивал Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, МД “Маркази гуногунӣ ва амнияти биологӣ”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои ҷамъиятии “Куҳҳои Помир” ва “Барс-2010” саҳми муносиб гузоштанд.
Дарвоқеъ бамаврид будани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хуб эҳсос карда мешуд.. Шоҳиди он будем, ки шумораи зиёди меҳмонон аз кишварҳои хориҷи дур ва наздик, мисли Чин, Россия, Қирғизистон, Британияи Кабир, Олмон, Италия ва ғ. иштирок доштанд. Баргузории чунин чорабиниҳои табиатдӯстдорӣ аз як тараф ба ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои нодир боис гардад, аз ҷониби дигар барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии маҳаллӣ муосидат менамояд.
Аҷаммеҳр, «Инсон ва табиат»