ҲАМОҲАНГӢ

0
1179
боздид
Инсоният аз табиат ҷудо буда наметавонад .

 

ҲАМОҲАНГИИ ҶОМЕА, МАКТАБ ВА ОИЛА — ПОЯИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Имрӯзҳо, ки ҷомеаи башарӣ ба асри техникаву технологияи нав қадам ниҳодааст, таъсири беш аз пеши он ба табиат ва сарватҳои он ба назар мерасад. Инсоният аз табиат ҷудо буда наметавонад ва баҳри беҳдошти рӯзгори хеш аз сарватҳои моддии он истифода мекунад. Ин амалест табиӣ ва агар ин таъсир ва истифодабарӣ оқилонаю аз рӯи меъёр бошад, он гоҳ ба табиат ва муҳити зист осеб намерасонад. Барои фаҳмидани он, ки ҳамарӯза дар табиат ва муҳити зисти мо кадом тағйиротҳои манфие рух дода истодааст, мутахассиси соҳаи экология будан шарт нест. Чунки инсони дар асри 21 умр ба сар бурдаистода ин ҳолатро ба хубӣ ҳис мекунад. Асоси пешравӣ ва баландшавии маърифати экологии аҳолиро ҳамкории тарафайни сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеа ташкил медиҳад. Чунки дилхоҳ тарбия ва муносибати минбаъдаи кӯдак ба муҳити атроф аз оила оғоз меёбаду дар муасиссаҳои томактабию таҳсилоти умумӣ ва донишкадаҳо тақвият меёбад. Аз ин рӯ, ҳамкории ин се ҷузви ҷомеа имкон медиҳад, ки дониши экологии аҳолӣ ҳарчӣ ғанӣ гардад. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тибқи қарору қонунҳои амалкунандаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру супоришҳои раёсати Кумита амал намуда, баҳри ҳарчӣ бештар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр дарсҳои кушод оид ба мавзӯъҳои мухталифи экологӣ мегузаронанд. Чунин дарсҳо дар мактаби таҳсилоти умумии №93-и пойтахт гузаронида шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки экология ва ҳифзи табиат қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва афкори ҷамъиятии мардум, гарави солимии ҷомеа ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани табиати зебою нотакрори кишвар бо ҳама сарватҳояш мебошад. Маълумот ва маърифати экологӣ мафҳумҳое мебошанд, ки асоси анъанаҳои муносибати эҳтиёткорона ва ғамхоронаи тамоми халқро нисбат ба муҳити зист ташкил медиҳанд.

    Сабоҳат Мирзоева

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед