
Ҳаракати пиряхҳо ва оқибати экологии онҳо
Зиёд ва камшавии пиряхҳо пеш аз ҳама бо шароити ғизогирӣ ва обшавии онҳо вобаста аст. Ҳаракати пиряхҳо бошад, бо ҷойивазкунии массаи худи ях ба як самти муайян вобаста аст. Ба туфайли чандири будани ях дар зери таъсири қувваи кашиши замин ва фишор ҷойи худро иваз мекунад. Ҳаракати массаи яхро қобилияти калони тавоноии пирях, нишебии ҷойгирифтаи он ва баландшавии ҳарорати нисбии ҳаво муайян мекунад. Пиряхҳои калон назар ба пиряҳои хурд суръати ҳаракати бештар доранд. Одатан ҳаракати пиряхҳоро бо андозаи сантиметр дар як шабонарӯз, ё ки метр дар як сол чен мекунанд.
Ҳаракати пиряхҳо метавонанд, фарсоиши хок ва манзараҳоро дигар кунанд. Вобаста аз суръати ҳаракати пиряхҳо онҳоро ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд. Ба пиряхҳои гурӯҳи якум пиряхҳои на он қадар калони суръати ҳаракаташон 100-200 м дар як сол, ба гурӯҳи дуюм он пиряхҳое, ки суръати ҳаракати онҳо аз 1-2 то 5-7 км дар як сол ва ба гурӯҳи сеюм пиряхҳои суръати ҳаракаташон дар баъзе ҳолатҳо то 300 м дар шабонарӯз баробар аст, ки онҳоро «ҳаракаткунанда» меноманд.
Пиряхҳои ҳаракаткунанда дар системаи пиряхҳои Аляска, Шпитсберген, Исландия, Алп, Помиру Олой ва ғайра мушоҳида мешаванд.
Ба ғайр аз тағйиротҳои бо иқлим вобаста буда, ҳамчунин тағйирёбиҳои релаксионии пиряхҳо маълум аст, яъне пиряхҳои ҳаракаткунанда, мисол, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхи Хирсон, ки дар болооби дарёи Ванҷ ҷойгир аст, хеле хуб омӯхта шудааст (Л.Д. Долгушин ва диг., 1982).
Пиряхи Хирсон дарозиаш 15,8 км буда, майдони он 25,3 км2-ро ташкил медиҳад. Даври пурраи ҳаракаткунии онҳо аз 10-15 то 100 сол давом мекунад . Пиряхҳои ҳаракаткунанда дар бисёр минтақаҳои сайёра мушоҳида мешаванд ва ҳаракати тези онҳо дар баъзе ҳолатҳо ба ҳосилшавии кӯлҳо оварда мерасонанд, ки ин оқибати хатари селфароӣ ё ки обхезиҳо мегардад. Яке аз пиряхҳои имрӯз хуб омӯхташуда ин пиряхи Хирсон мебошад, ки даври пурраи ҳаракати он 10-12 солро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи бо сураъти баланд ҳаракат намудани забони пиряхи Хирсон дар давоми якчанд моҳ (2 км) ба тарафи водӣ ба ҷоришавии дарёи Абдуқаҳҳор монеъ шуда, кӯлеро ҳосил мекунад, ки ҳаҷми оби он ба 17-20 млн. м3 мерасад. Ҳосилшавии ин қадар ҳаҷми об барои водии Ванҷ ва аҳолии он, ҳамчунин ноҳияҳои поёнтар аз он ҷойгирифта хатари калон дорад. Ҳаракати пиряхи Хирсон дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973 ва 1989 ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло бошад, пирях дар ҳолати оромӣ аст (Ю.Н. Пильгуй ва др., 2008).
Дигар пиряхи ҳаракаткунандае, ки дар болооби дарёи Ванҷ қарор дорад, пиряхи Кашолаях мебошад. Кашолаях якчанд километр аз пиряхи Хирсон дуртар ҷойгир шуда, дарозии он 25 км, бараш аз 900 то 2000 м ва баландиаш 900 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумотҳои Сарраёсати обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пирях ҳаракати худро аз соли 2000 оғоз намуда, бо суръати 150 м дар як сол ҳаракат мекунад. Муайян карда шуд, ки Кашолаях дар давоми ҳар 130-150 сол ба ҳаракат медарояд. Ҳаракати Кашолаях дар охири асри XIX ба қайд гирифта шуд буд, ки ҳаракати он ба оқибатҳои хеле фоҷиаовар оварда расонд. Ба пиряхҳои ҳаракаткунанда, ҳамчунин пиряхҳои Саукдараи калон ва хурд, Валӣ, Дзержинский дар ҳавзаи дарёи Саукдара, пиряхҳои Фортанбек, Бирс, Музгази дар ҳавзаи дарёи Муксу ва Хирсон дар ҳавзаи дарёи Ванҷ ва ғ. дохил мешаванд.
Дигар пиряхи ҳаракаткунанда, ки Колка (дар Қавқози Шимолӣ, Россия) ҷой дорад, дар рафти ба хурӯш омадан 20 сентябри соли 2002 селфароиро дар дараи Карамадон ба амал овард. Дар натиҷа миллионҳо тонна обу лойқаро ба ҳаракат дароварда, дар сари роҳи худ манзараҳои зиёд ва шаҳрчаи Кармадони Поёниро вайрон карда, зиёда аз 100 одам ба ҳалокат расиданд.
Пиряхҳо обанбори хосеанд, ки обро зимистон захира намуда, тобистон онро сарф мекунанд ва бо ҳамин дар резиши дарёҳо ва муътадил ҷоришавии онҳо иштирок менамоянд. Ба монанди дарёҳо пиряхҳо ҳам ғизо мегиранд, ки сарҳади ғизогирии онҳоро ба қисмати асосӣ-қисмати ғизогирӣ (қисмати фирнӣ, ҳавзаи фирнӣ) ва қисмати сарфшаванда (қисмати аблясия (обшаванда), забони пирях) ҷудо мекунанд. Дар қисмати аввал, яъне боришоти сахти атмосферавӣ (ҷамъшавӣ) бештар сарфи обшавии он, бухоршавӣ, бо ёрии шамол бурдани он амалӣ мешавад. Дар дуюм бошад, яъне сарфи ях (аблясия) бештар ҷамъшавӣ мушоҳида мешавад.
Новобаста аз ин пиряхҳо метавонанд, сабаби фоҷиаҳои табиӣ шуда, ба оқибатҳои экологии минтақаҳои пиряхҳо дар он ҷойгирифтаи оварда мерасонанд.
Забиров Розиқбек, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон