ҲАШАРИ НАВБАТИИ КУМИТА ДАР ПАЙИ ТАШАББУСИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

0
227
боздид

27 феврали соли 2021 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ аз ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе -муҳтарам Рустами Эмомалӣ – “Шаҳри худро сабз мегардонем” дар якҷоягӣ бо Дафтари Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе дар кӯчаи Ҷалол Икромӣ (паси Китобхонаи миллӣ) воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе ҳашари дарахтшинонӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ҳашари якҷоя дар ин рӯз 160 бех ниҳолҳои навъи Кипариси аризонӣ шинонида шуд. Бояд зикр намуд, ки ин ниҳолҳо дар ниҳолхонаи шаҳри Ваҳдат парвариш карда шуда, умри қариб 10 сола доранд. Қади ниҳолҳо ба зиёда аз 3 метр баробар буда, баъди шинонида шудан, ба мавзеъ ҳусни дучанд илова намуд.

Дар ин ҳашари дарахтшинонӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самеъ, муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодирхон, Қиёмзода Зарафа ва роҳбари Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивери, кормандони Кумита ва ҳайати кормандони САҲА фаъолона иштирок намуданд.

Ба иттилои масъулин, дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз дусад ҳазор бех ниҳолҳо барои сабзгардонии шаҳри Душанбе шинонида шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ то имрӯз 14 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шудааст.

Тавре хабар дода шуд, дар ояндаи наздик Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо  Барномаи САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалие, ки ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, тасмим дорад, бо дастгирӣ аз ташаббуси шаҳрдории шаҳри Душанбе дар дигар қитъаҳои пойтахт, ҳашари якҷояи ниҳолшинониро ташкил намояд.

  «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед