ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ

0
214
боздид

Тоҷикон дар масири таърих бо фарҳанги волои худ, минҷумла, адабиёту санъат, ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ҳамчунин санъати меъморӣ дар рушду нуъмуи тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар шароити  вусъати босуръати ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани вижагиҳои миллии фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз гузаштаи худ вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа буда, яке аз роҳҳои баланд бардоштани худшиносии миллии насли наврас ин шиносоии амиқи онҳо бо мероси волои ниёгон аст.

Дар ҳудуди кишвари биҳиштгунаи мо ёдгориҳои зиёди таърихӣ, бахусус қалъаҳое мавҷуданд, ки ҳар яки онҳо бозгӯи ҳаёти пур аз шебу фарози аҷдодони мо буда, бо тамошои онҳо беихтиёр инсон дар бораи гузаштаи худ, миллати худ, кӣ будану аз куҷо будани худ андеша мекунад.

Чунин қалъаҳои пурасрору номакшуф дар ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ хеле зиёданд. Водии Вахон дар болоби дарёи Панҷ – дар ду соҳили он ҷойгир  шуда, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Вожаи «Вахон» хеле қадимӣ буда, дар китоби бостонии «Авасто» дар шакли «ванҳу» зикр гардидааст. Ба андешаи  муҳаққиқон, минҷумла, муҳаққиқи эроншинос Ж. Маркварт Ванҳуи Датия («Датияи пурнеъмат ва меҳрубон») номи яке аз рудҳои муқаддаси сарзамини эронитаборон – Ориёнвеҷ буда, бисёр руйдодҳои муҳимме ки дар ин китоб аз онҳо ёд мешаванд, маҳз ба ҳамин рӯд иртибот доранд. Беш аз он Вахон дар таърих ба ҳайси сарзамине машҳур аст, ки замонҳои пеш як хатти роҳи машҳури  абрешим аз ҳудуди он гузашта тӯли асрҳои зиёд мамолики шарқу ғарбро бо ҳам  мепайваст. Бо ин роҳ роҳибони буддоӣ ба кишварҳои гуногун сафар мекарданд, аз ин рӯ ин қисмати роҳ дар таърих бо номи «Роҳи бузурги буддоӣ» низ маъруф аст.

Маъруфияти Вахон ҳамчунин бо «долони Вахон» рабт дорад. Ин қитъаи таърихӣ дар қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ буда, дар авохири асри XIX баъди тақсимоти марзҳо байни Русияву Бритониёи Кабир он ба Афғонистон гузашта дар ноҳияи (улусволии) Вахони ин кишвар ҷойгир аст, ки бараш аз 15 то 20 км буда, дарозии он то 300 км-ро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар бораи қалъаҳои дар ҳудуди Вахон ҷойгирбуда метавон маводи зиёдеро дар расонаҳои ватанию хориҷӣ ва бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намуд. Маълум аст ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳон барои тамошои ин мавзеъ омада, таасуроти худро аз ин сафарҳо ва қалъаҳо ба қалам медиҳанд. Ғайр аз ин барои ҷалби сайёҳон идораҳои марбути сайёҳӣ низ тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин қалъаҳо маълумот паҳн мекунанд. Аммо боиси нигаронист, ки дар ҳар ду маврид ҳам дар ин маълумотҳо саҳвҳои зиёд ба назар мерасанд, масалан, омезиши ривояту далоили илмӣ, макони ҷойгиршавии қалъаҳо ва дигар ҷузъиёти марбути ин ёдгориҳои таърихӣ.

Машҳуртарин ва бузургтарин қалъаҳо Қаҳқаҳа ва Ямчун мебошанд.  Қаҳқаҳа дар тарафи шимоли соҳили Панҷ ҷойгир буда, яке аз қадимтарин қалъаҳои Бадахшон маҳсуб мегардад. Дар робита бо ин мероси таърихӣ миёни мардуми маҳаллӣ ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки аз як насл ба насли дигар гузашта то ба имрӯз расидаанд. Ҳамчунин ин қалъа мавриди омӯзиши пажӯҳишгарони мамолики гуногуни шарқу ғарб қарор гирифтааст, ки аз муҳиммияти он барои таърихи инсоният шаҳодат медиҳад. Ҳар як меҳмони дохилию хориҷие, ки ба ин гӯшаи кишварамон сафар мекунад, ҳатман ба дидани ин қалъа меравад.

Қалъаи Ямчун куҳантарин ва бузургтарин ёдгории таърихӣ аст, ки дар маркази водии Вахон — 3 км ғарбии деҳаи Вранг воқеъ гардидааст. Дар наздикии ин қалъаи куҳанбунёд чашмаи шифобахш бо номи Чашмаи Биби Фотимаи Заҳро ҷойгир аст. Дар як мавзеъ воқеъ шудани мероси таърихӣ ва чашмаи шифобахш боиси ҳамасола ба ин ҷо сафар намудани теъдоди зиёди меҳмонони  дохилию хориҷӣ гаштааст, ки бешубҳа барои рушди сайёҳии кишвар аҳамияти бузург дорад.

Баробари қалъаҳои бузург дар водии Вахон ҳамчунин қалъаҳои хурдтаре  низ ҷойгиранд, ки мутассифона, аз сабаби дуриашон аз роҳи марказӣ байни мардум маъруфияти камтар доранд. Қалъаҳои Даршай, Шитхарв, Ҳисор ва қалъае бо номи Абрешимқалъа, ки дар деҳаи Зонг ҷойгир аст, аз ҳамин қабиланд.

Абрешимқалъа ном гирифтани қалъаи Зонг тибқи ривоятҳо ба он рабт дорад, ки замонҳои хеле пеш ин қалъа гуё бо матои абрешимин печонида шуда буд ва бо расидани нурҳои офтоб он аз дур ҷило медод ва дар ин қалъа зани соҳибҷамоле бо номи Рухшонак ҳукмронӣ мекардаст.

Бо дарёфти истиқлолияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои аввали давлатдории навин ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун мероси пурарзиши ниёгон мавриди таваҷҷӯҳи хосаи давлат қарор гирифтанд. Дар бораи ин қалъаҳо, аҳамияти таърихии онҳо дар расонаҳои ватанӣ, матбуот, радиову телевизион ва баъдан саҳифаҳои интернетӣ маводи зиёде ба нашр расида, бо ин васила шаҳрвандони Тоҷикистон ва берун аз он аз мавҷудияти ин мероси нодири таърихӣ огоҳӣ пайдо карданд. Беш аз он таъмири роҳи мошингарди Душанбе — Қалаихумб барои теъдоди зиёди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ имконият дод, то ба Бадахшон сафар карда, бо ин объектҳои таърихӣ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Равуои мардум ва шиносоии наздики онҳо бо таърихи ниёгони хеш барои худшиносии миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, муттаҳидӣ ва ваҳдату ягонагӣ омили судманд аст.

Вале ин қалъаҳои аз замонҳои пеш то ба имрӯз расида аз ҳаводиси рӯзгор метавонанд рӯ ба нестӣ ниҳанд. Баробари дигар омилҳои таъсиррасон ба ин қалъаҳо онҳо ҳамчунин таҳти таъсири омилҳои зиёди экологӣ қарор гирифта, ба ҳифозату тармиму барқарорсозӣ ниёз доранд. Бахусус, дар шароити гармшавии иқлим боришоти зиёд метавонад ба тамомияти қалъаҳо халал ворид созад. Аз ин лиҳоз, имрӯз бояд чораҳое андешид, ки ёдгориҳои таърихӣ шакли ҳозираи худро аз даст надиҳанд, то насли минбаъда низ аз онҳо бархурдор бошад ва тавонад бо ниёгони хеш ифтихор кунад.

Бояд гуфт, ки  аллакай дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое қабул гардиданд, ки  арзишҳои фарҳангиро таҳти ҳимояи давлат қарор медиҳанд. Масалан, тибқи моддаи 40 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ таҳти ҳимояти давлат қарор доранд». Бинобар ин бояд барои ҳифзи ин арзишҳои миллӣ имрӯз диққати махсус дод.

Барои ҳифзи объектҳои таърихӣ пеш аз ҳама, зарур аст ки ҳолати кунунии онҳо санҷида шавад, ки инро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  тақозо мекунад. Масалан тибқи моддаи 16 «Назорати ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» — и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшударо назорат кунанд ва дар панҷ сол як маротиба бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдории объектҳои мазкур ҳолати онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд.

Пас зарур аст, ки имрӯз ӯҳдадориҳое ки қонунгузории кишвар барои нигоҳдории мероси фарҳангӣ, минҷумла, қалъаҳои бостонии Вахони Бадахшон, муайян намудаанд, сари вақт иҷро шаванд, зеро ин ёдгориҳои таърихӣ на танҳо барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд, балки метавонанд мӯҷиби ҷалби бештари меҳмонони дохилу хориҷ гарданд, то ки соҳаи сайёҳии кишвар бештару беҳтар равнақ ёбад.

Райҳон СОҲИБНАЗАРБЕКОВА, дотсенти Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед