ХОВАЛИНГ: Беҳдошти экосистемаи маҳал ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

0
681
боздид

                     

30 апрели соли 2023 бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии “Aгроэкологии Зарзамин” бо иштироки зиёда аз 250 нафар хоҷагидорон, соҳибкорон, деҳқонон ва ҷалби намояндагони васоити ахбори омма дар деҳаи Майдони ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди 30 гектар, ки аз ҳисоби  дарахтони мевадиҳанда ва буттамевањои табиии давобахш боғ бунёд гашта буд, маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони  «Табиати тоза» баргузор гардид. Нахуст барои иштирокчиён дар мавзӯҳои «Истифодаи оқилонаи навъҳои меваҳои худрӯй, буттамева ва гиёҳҳои шифобахш хамчун манбаи даромади иловагии аҳолии маҳаллӣ» ва «Беҳдошти муҳит барои рушди экотуризм» аз ҷониби номзади илмҳои кишоварзӣ, мутахассис -эколог Мурод Эргашев ва мутахассис-агроном Ҳукуматшо Шарипов дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ёдовар бояд гашт, ки аз охири моҳи марти соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии “Aгроэкологии Зарзамин” бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо дастгирии Барномаи Грантии Хурд,  маблағгузории Фонди Умумиҷаҳонии Экологӣ ба амалигардонии лоиҳаи “Барқароркунӣ, нигоҳдории ниҳолҳои ҷангал, ҳифзи экосистемаи маҳаллӣ ва рафъи таъсири бемории КОВИД 19” дар деҳаи Майдони ноҳияи Ховалинг шуруъ намуд.

Тавре ташаббускорони лоиҳа иброз намуданд, дар доираи амалишавии лоиҳаи болозикр панҷ натиҷаи асосӣ ба даст оварда шуд:

Натиҷаи 1. Барқароркунӣ ва нигоҳдории майдони 30 га ҷангалбоғ  сарчашмаи фоида ва намунаи амалияи самаранок барои аҳолӣ ва ҳифзи экосистемаҳои маҳаллӣ ва коҳишдиҳии оқибатҳои ногувор аз  хавфҳои иқлимӣ ва эпидемиологӣ мегардад. Дар ҳудуди деҳаи Майдон бо нерӯи хоҷагии деҳқонии “Файзулло” дар макони ниҳолҳои шинонидашуда корҳои барқароркунӣ анҷом дода шуд.

Натиҷаи 2. Дар доираи лоиња 5100 ниҳолҳои гуногун аз қабили бодом олуча, санҷит ва дигар растаниҳои шифобахш дар ҷои дарахтони хушкшуда барқарор карда шуданд. Инчунин дар майдони 3,75 га зиёда аз 2000 дарахтони себ, зардолу ва нок шинонда шуд.

Натиҷаи 3. Майдони пӯшиши экосистемаи набототӣ ба 35 фоиз афзоиш ёфт, ки ин боиси беҳтар гаштани системаи ҳосилхезии замин, барқарор гардидани ҷангалзорҳо ва майдони ниҳолҳо, зиёд шудани саршумори парандагон ва хайвоноти ваҳшӣ гардид. Дар ҳудуди ин майдон растаниҳо хубтар нашъунамо карда, пӯшиши майдони наботот то 60 фоиз барқарор ва ҳолати экологии замин беҳтар гардид.

Натиҷаи 4. 30 нафар духтарону ҷавонзанон дар сехи коркарди маҳсулот ба кори доимӣ таъмин шуда, ба онҳи 30 комплект воситаҳои корӣ барои пора кардани меваҳои тар дода шуданд.  Ҳар 30-юмин оилаи ҷамоа бастаҳои ҳосили ҷамъовардаи худро таблиғ намуда, дар мавсими ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо ҳаққи хизматашонро гирифтанд.

Натиҷаи 5. 60 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон, ки дар семинару тренингњо ширкат доштанд, барои азхудкунии донишу малакаҳои иловагӣ оид ба љамъоварии бенуқси меваҷот, мевахушккунї, бастабандї, фурўши мањсулот ва дигар донишҳои экологӣ имконият пайдо намуданд; Ҳамзамон барои 30 нафар духтарон чор маротиба тренингҳои якруза дар чор мавзуъ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, идоракунӣ, ҷамъоварӣ, хушккунӣ, бастабандӣ ва фурӯши маҳсулот, беҳдошти экотуризм, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда чунин фаъолиятҳо амалӣ гардонда шуданд.

Зиёда аз 1200 метр  қаторҳо байни ҷангалбоғ тоза карда шуданд, ки ин аз аз нақша 200 метр зиёд мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ 30 комплект таҷҳизот, 3 дона таҷҳизоти себмайдакунӣ, 3 ванна харидорӣ ва тақсим карда дода шуд, ки меҳнати дастиро осон ва маҳсулнокии меҳнатро 50 фоиз баланд мебардорад.

Дар доираи амалигардонии Лоиҳа 30 нафар духтарону ҷавонзанони хонашин дар мавсими ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо бо ҷойҳои кори мавсимӣ таъмин гардида, барои хизматрасонияшон ба онҳо ба маблағи  30600 сомонӣ музди меҳнат пардохта шуд. 30 нафар занон малакаҳои худро дар мавзӯъҳои ҷамъоварӣ, хушконидани меваҳо ва технологияҳои самараноки ҳифзи экосистема такмил доданд.

Бояд гуфт, ки санаи 30 апрел дар фазои тантанавӣ иштирокчиёни фаъол барои амалигардонии лоиҳаи мазкур бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуд. Аз ҷониби ризокорон ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Беҳдошти муҳити зист омили рушди экотуризм” ва шумораи нашрияи “Инсон ва табиат” дастрас карда шуд.

Ҷ. Яқубов, “Инсон ва табиат”

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед