Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб

0
3829
боздид
Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб

Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ

 

Ҷашни 27 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми ноҳияи Мурғоб хотирмон буд. Зеро бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳо ба истифода дода шуд. Ёдовар мешавем, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо сафари корӣ аз 3 то 15 сентябри соли равон дар ноҳияи Мурғоб қарор дошт.

Дар ин муддат таҳти роҳбарии Роҳбари гуруҳи корӣ дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб як қатор корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ дар бораи аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ, омодагӣ ба ташрифи Пешвои миллат ба ВМКБ, вазъи санитарию экологии маркази ноҳия ва ҳамзамон дигар чорабиниҳо, аз қабили тоза кардани роҳу кӯчаҳои маркази ноҳия аз партовҳо, кашонидани партовҳои маишӣ ба партовгоҳи расмии ноҳия, рангубор кардани биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ, оро додани майдони назди биноҳои мақомоти давлатӣ бо аёнияти лозимӣ амалӣ гардиданд.

Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш барои аҳолии Мурғоб ва ҳам кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ифтитоҳи расмии бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” ташкил карда шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ иборат аст. Дар қабати сеюми бино меҳмонхона бо шароити муосири хизматрасонӣ ташкил карда шудааст. Тавре таъкид гардид, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” дар вилоят назир надошта, ҳадафи ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодири Тоҷикистон мебошад.

Дар саҳни иншоот ва атрофи бинои мазкур дарахтони мувофиқ ба иқлими ин минтақа шинонида шудааст. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, он зебогии маркази ноҳияро дучанд месозад.

Қобили зикр аст, ки дар сохтмони бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ва зерсохторҳои он 2 миллиону 212,3 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст. Дар бинои маъмурӣ ба ҷуз аз утоқҳои корӣ осорхонаи гӯсфанди “Марко-Поло” ва меҳмонхона барои 5 ҷойи истиқоматӣ мавҷуд аст. Маблағи маводу таҷҳизот барои меҳмонхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб 194 200 сомониро ташкил медиҳад.

Хайрулло Ибодзода дар ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самараноки меҳнатӣ, нишондодҳои хуб дар ҳифзи муҳити зист, ба роҳ мондани назорати мунтазами давлатӣ ҷиҳати риояи қонунгузории истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва ба муносибати 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 нафар нишони сарисинагии “Корманди фахрии муҳити зист”, ба 12 нафар нишони сарисинагии “30-солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба 13 нафар Ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Мурғоб боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, майдончаи варзишӣ барои намуди бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва майдончаҳои зиёда аз 300 дарахтони ба иқлими ноҳия мутобиқ шинонида, барои парвариши онҳо системаи обёрии қатрагӣ ташкил гардид. Маблағи масрафшуда барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ 199 700 сомониро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби воситаҳои махсуси Кумита ва зерсохторҳои он пардохта шудааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҳамаи марказҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва деҳаи Булункӯл майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон ташкил ва барои истифодабарӣ супорида шуданд. Аз ҳисоби воситаҳои махсуси Кумита ва зерсохторҳои он бо мақсади хариди таҷҳизот барои майдончаҳои варзишию истироҳатии марказҳои ҷамоатҳо ва деҳаи Булункӯл 72 800 сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ҷиҳати гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби воситаҳои махсуси Кумита ва зерсохторҳои он ба маблағи 2,2 ҳазор сомонӣ либосҳои варзишӣ харидорӣ гардид.

Ҷиҳати рушди фарҳанг ва санъат аз тарафи Кумита барои муассисаҳои фарҳангии ноҳия ба маблағи 50610 сомонӣ зиёда аз 50 адад созу асбобҳои мусиқӣ, аз қабили тор, рубоби помирӣ, дутор, қомуз, аккордион, доира, таблак, гитара харидорӣ ва дастрас карда шуд. Ба якчанд коргоҳҳои дӯзандагие, ки дар марказҳои ҷамоатҳо мавҷуданд, 6 адад мошинаҳои дастии дарздӯзӣ дастрас гардид.

Кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳияи Мурғоб, иҷрои пурраву саривақтии Нақшаи корҳои ободонию созандагии ин ноҳияи дурдасти баландкуҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

“Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед