ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

0
3694
боздид

Тоҷикистон дар миёни 5 давлати Осиёи Марказӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим осебпазиртарин кишвар маҳсуб меёбад. Обшавии пиряхҳо, тағйирёбии ҷараёни дарёҳои асосӣ ва таъсири он ба истењсолоти қувваи барқ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ғ. чанде аз омилҳои зуҳуроти манфии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.

Созмони Милали Мутаҳид дар соли 1992 Конвенсияи қолабиро дар бораи тағйирёбии иқлим (КҚТИ) таҳия намуда, ҳамаи кишварҳоро ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим бо роҳи маҳдуд сохтани партови газҳои гармхонавӣ ба атмосфера даъват намуд. 13 декабри соли 1997 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори №533 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим»-ро қабул намуд. 7 январи соли 1998 Тоҷикистон Конвенсияро ҳамчун «Тарафи ба Замимаи 1 дохилнашуда» ба имзо расонид. Дар соли 2008 кишвар Протоколи Киоторо ба имзо расонида, онро тасдиқ намуд.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 ахбороти якуми миллӣ, дар соли 2008 ахбороти дуюми миллӣ ва дар соли 2014 ахбороти сеюми миллии худро оид ба ҷараёни тағийрёбии иқлим таҳия ва пешниҳод намуд.

Моҳи октябри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори ҷаласаи 19-уми Конфронси Тарафҳо саҳми худро дар сатҳи миллӣ барои иҷрои Конвенсия пешниҳод намуд. Бо эътирофи иқдомҳои муҳим дар таҳкими баҳисоб гирифтани омилҳои тағйирёбии иқлим дар барномаи рушди кишвар, ҳадафҳои афзоиши маблағгузории мавҷуда ва ташаббусҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи Созишномаи Париж оид ба таъсири инсон ба иқлим, навсозии мунтазами иттилоот ба Котиботи Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар баробари ин таҳияи ҳисоботи якуми дусола дар бораи бањисобгирии партовҳои газҳои гулхонагӣ вобаста ба Конвенсияи Қолабӣ, уҳдадории кишвар ҷиҳати пешниҳоди иттилоот ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба фаъолият дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Кадастри (маҷмўи маълумотњои) миллии партовњои газњои гулхонавӣ мутобиқи дастурҳои Гуруи байнидавлатии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим дар солҳои 1996 ва 2006 IPCC ва таъминоти барномавии V2.54 аз моҳи июни соли 2017 барои ҳисобкунии партовҳои газҳои гулхонавӣ, таҳлил ва таҳия карда шудааст. Дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда дастурҳои идоракунӣ оид ба таљрибаи самаранок ва идораи номуайяниҳо, инчунин дигар маълумотҳои муҳими истифодашуда дарљ гардидаанд. Дар ҳисоботи якуми дусолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии партовҳои газҳои гулхонавӣ ва азнавсозии омилҳо барои манбаъҳои калидӣ натиҷаҳои асосии ин ҳуҷҷатро ташкил дода, ба категорияҳои: энергетика, равандҳои саноатикунонӣ, кишоварзӣ, ҷангал, истифодаи замин ва партовҳо тақсим карда шудаанд. Ҳамаи таҳлилҳои ҳисобот имтиёзҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушди самарабахш дар роҳи пастгардонии газҳои гулхонавӣ мустаҳкам намуда, имконоти таҳияи сиёсати миллиро барои паст кардани партовҳои газҳои гулхонавӣ ва дар баробари ин саҳми кишварро дар паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим муайян менамоянд.

          Иқлими сайёраи мо тағйир меёбад. Тамоюли тағйирёрбии иқлим хатарнок аст – миқдор ва иқтидори зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ меафзояд, аксарияти соҳаҳои иқтисодиёт, экосистемаҳои табиӣ ва саломатии аҳолӣ ба зуҳуроти номусоиди обу њаво ва тамоюли дарозмудатту устувори тағйирёбии иқлим осебпазиртар мегарданд. Дар шароити имрўза яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим миқдори зиёди газҳои гармхонавӣ мебошад, бинобар фаъолияти танзимнашавандаи одамон ба атмосфера партофта мешавад.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарорҳои дахлдори Конференсияи Тарафҳо КҚТИ СММ КТ-19 ва КҚТИ СММ КТ-20, аз ҷумла «Даъвати Лима ба амалҳо оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим» (ш. Лима, Перу, декабри соли 2014) моҳи октябри соли 2015 саҳми эҳтимолии миллии муайяншавандаи худро пешниҳод намуд.

          Дар саҳми эҳтимолии миллии муайяншавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиш додани хориҷсозии газҳои гармхонавӣ ва таъсиррасонӣ ба системаи иқлим зикр карда мешавад, ки:

  • бе ҷалби ҳаҷми нави назарраси маблағгузории байналмилалӣ: «Мақсади дарозмуддати маҳдуд сохтани партовҳои антропогении газҳои гармхонавӣ нишондиҳандаи тағйирёбандае муайян шудааст, ки то соли 2030 аз 80- 90% сатҳи соли 1990 зиёд набуда, 1,7-2,2 тоннаро дар эквиваленти СО2 ба ҳар сари аҳолӣ ташкил медиҳад ва ин саҳми кишвар дар коҳиш додани газҳои гармхонавӣ мебошад. Саҳми назарраси кишвар дар коҳиш додани таъсири манфӣ ба системаи иқлим барқарорсозии мунтазами ҷангалҳо мутобиқи барномањои давлатии қабулгардида мебошад»;
  • ба шарти маблағгузории назарраси байналмилалӣ ва пешниҳоди технологияҳо: «Иқтидори коҳиш додани хориҷшавии газҳои гармхонавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки то соли 2030 65-75% сатҳи соли 1990 таъмин карда шавад, ки ин 1,2-1,7 тонна эквиваленти СО2-ро ба ҳар сари аҳолӣ ташкил медиҳад. Ин дар сурати амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, афзунгардонӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти энергетикӣ, таљдид, ҷорӣ намудани технологияњои нав ва рушди бахшҳои иқтисодиёт имконпазир хоҳад гашт».

          Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърўзаи якуми дусолаи худро мутобиқи Принсипҳои асосӣ барои пешниҳоди маърўзаҳои дусолаи дорои иттилооти таҷдидгардидаи ба замимаи III ба қарори 2/КС17 овардашуда аз ҷониби Тарафҳое, ки ба замимаи I Конвенсия дохил нашудаанд, таҳия намудааст.

Ҳомидҷон РАСУЛЗОДА,

директори Агентии обуҳавошиносӣ,

ҳамоҳангсози Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед