«Инсон ва табиат» — «Нашрияи соҳавии сол»

0
1007
боздид

Зимни назарсанҷие, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  гузаронида шуда буд, «Инсон ва табиат» — «Нашрияи соҳавии сол» эътироф гардид. Ҳамзамон маҷаллаи Вазорати молия «Молия ва ҳисобдорӣ» — «маҷаллаи соҳавии сол»,  «Адабиёт ва санъат» — «Рӯзномаи сол», «Бонувони Тоҷикистон»- «Маҷаллаи сол», телевизиони «Варзиш» — «Телевизиони сол», радиои «Тоҷикистон» — «Радиои сол”, сардабири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» Самариддин Асоев — «Сардабири сол», хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» Фатҳиддин Замон-«Журналисти сол» ва Роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши Амрико дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ «коршиноси сол» эълон гардида, дар маросими ботантанае, ки санаи 11 марти соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Боиси зикр аст, ки нашрияи “Инсон ва табиат” 10 сол қабл, моҳи марти соли 2011 таъсис ёфта, аввал бо номи «Наврўзгоҳ» фаъолият мекард. Аз моҳи сентябри соли 2014 нашрия ба «Инсон ва табиат» табдили ном намуд. Саҳми нашрияи «Инсон ва табиат» дар тарғибу ташвиқи сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии экологии ҷомеа  калон аст. То имрӯз 162 шумораи нашрия ба дасти муштариён расидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки соли 1991 дар арафаи Наврўзи фаррухпай аввалин шумораи нашрияи экологии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба муҳофизати табиат бо номи «Наврўзи Ватан» ба дасти муштариён расид. Нашрияи “Наврӯзи Ватан” ранга чоп шуда, онро метавон яке аз нашрияҳои муждарасони соҳибистиқлолии кишвар низ ҳисобид. Бо ҳамроҳ шудани Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ (соли 2007) фаъолияти  ҳафтанома қатъ гардид. То моҳи декабри соли 2006-ум 189 шумораи нашрияи «Наврӯзи Ватан» ба табъ расидааст.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед