ИНВЕНТАРИЗАТСИЯИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ЮНЕСКО

0
852
боздид

Рӯзҳои 19-21 июни соли 2019 дар доираи лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО “Мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангӣ дар Аврупо” тренинг оид ба инвентаризатсияи мероси фарҳанги ғайримоддии гузаргоҳҳои Роҳи абрешим баргузор гардид.

Лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО  ба мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар минтақа, аз ҷумла ҷавонону занон тавассути пешниҳоди имкониятҳо барои ба даст овардани даромад ва ташкили ҷойҳои корӣ равона гашта, ба ин васила ба тақвияти нақши фарҳанг дар самти рушди устувор мусоидат хоҳад намуд.

Иштирокчиёни тренинг дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо

Дар ҷараёни баргузории тренинг иштирокчиён ба якчанд масъалаҳо, аз ҷумла, инвентаризатсия дар байни ҷамоатҳо мутобиқ ба Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии соли 2003, рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон, усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, инчунин ба масъалаҳои одоб ва масъулият таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.   

Лозим ба тазаккур аст, ки баргузории чунин чорабинӣ дар ҳоле, ки “Солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштааст, айни муддаост. Зеро инвентаризатсияи унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба ҷамъиятҳо имкон медиҳад, ки мероси худро беҳтар шиносанд ва барои ҳифз ва густариши меросашон тадбирҳон андешанд ва ҳамчунин онро барои ба даст овардани даромад, масалан, тавассути сайёҳӣ истифода баранд.  

Ҷамолиддин Якубов, «Инсон ва табиат»

Эзоҳ: Ҳадафи Соли мероси фарҳангӣ дар Аврупо мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии Аврупо дар бораи мероси фарҳангӣ ва тарбия намудани ҳисси пайвандӣ ба сарзамини умумиаврупоӣ мебошад. Шиори Соли мероси фарҳангӣ дар Аврупо чунин аст: “Мероси мо онест, ки гузашта бо оянда пайванд мешавад”.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед