Иқтисодиёти «сабз» чист?
Дар солҳои охир мафҳуми Иқтисодиёти «сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқон ва коршиносону мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист, энергетика, иқтисодиёт ва ғ. гаштааст. Бояд гуфт, ки фаҳмиши ягона ва умумӣ барои ифодаи иқтисодиёти «сабз» вуҷуд надорад.
Коршиносони Ташкилоти СММ оид ба муҳити зист (UNEP) иқтисодиёти «сабз»-ро ба маънои васеаш чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ меҳисобанд, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.
Дар иқтисодиёти «сабз» ба он намудҳои фаъолияти хоҷагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари таҷдид ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба баланд шудани сифати ҳаёт ва муҳити зист мусоидат намояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои мухталиф ҳадафҳои иқтисодиёти «сабз» аз ҳам тафовут доранд. Масалан, барои кишварҳои рушдёфта ҳадафи асосӣ – рақобат ва таъмини ҷойҳои корӣ, дар ҳуҷҷатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳадаф — расидан ба рушди устувор, коҳиш додани масоили камбизоатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Вале дар ягон ҳуҷҷатҳо қазияҳои экологӣ, бахусус маҳдудияти экологии рушд дар мафҳуми иқтисодиёти «сабз» ишора нагардидааст. Ин исботи он аст, ки омили асосӣ дар иқтисодиёти «сабз» — худи иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Иқтисодиёти «сабз» ба таъминоти талаботҳои инсон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист ташаккул меёбад. Ин ҷо сухан на доир ба миқдор, балки доир ба сифат меравад.
Яке аз принсипҳои асосии иқтисодиёти «сабз» волоияти арзиши истеъмолӣ ва сифат мебошад, ки он ба истеъмолгари ниҳоӣ ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шудааст. Дар иқтисодиёти «сабз» усулҳои ғайрисамаранок ва исрофкоронаи ташкили ҳама гуна бахши иқтисод ҷоиз нест. Тибқи ин консепсия дар табиат партов вуҷуд надорад, анҷоми як протсес ё ҷараён ин оғози протсесҳои дигар мешавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки партовҳо ба сифр баробар мешаванд.
Принсипи дигари иқтисодиёти «сабз» ба гуногунӣ рабт дорад. Ин мафҳум ба ҳамаи сатҳҳои зиндагӣ (гуногунии намудҳо, экосистемаҳо, минтақаҳо), инчунин гуногунии иҷтимоӣ ва экологӣ дахл дорад. Бо экологикунонии ҷомеа ҳудудҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз байн рафта, иқтисод ба биоминтақавӣ табдил меёбад. Дар иқтисодиёти «сабз» ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти саноати «сабз» ва энергияи алтернативӣ афзалият дода мешавад. Аз ин рӯ, дар консепсияи иқтисодиёти «сабз» ҷанбаи тағйироти иҷтимоӣ ва экологӣ дар якҷоягӣ дида баромада мешавад. Дар ин консепсияи рушд ба ягон бахши ҷамъиятӣ ё хусусии иқтисод афзалияти махсус дода намешавад. Бояд бахшҳои давлатию хусусӣ дар бозор таваҷҷуҳи худро ба арзишҳои иҷтимоӣ ва экологӣ равона намоянд ва бо мақсади таҳаввулоти инноватсионӣҳамкории зич миёни давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дошта бошад. Барои амалӣ кардани ин таҷриба бояд тарҳи нави равандҳои иқтисодӣ ва қоидаҳои нави иқтисодӣ тартиб дода шавад, ки рафтори экологиро ташаккул дода, ҳамчунин бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаи иқтисодӣ татбиқ гардад. Омили дигари ҷорӣ шудани иқтисодиёти «сабз» барои бартарафсозии камбизоатӣ имкони хуб фароҳам меорад. Байни бартарафсозии камбизоатӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва экосистемаҳо робитаи мустақим вуҷуд дорад, зеро аз афзоиши сармояи табиӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ манфиати бевосита мерасад.
Ҷамолиддин Якубов