Ирбис (Озодапаланг)

0
355
боздид
Популятсияи бабри барфир дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон мавҷуд аст.

 Бабри барфӣ

Табиатшиноси фаронсавӣ Жорж Бюффон дар кори тадқиқотиаш доир ба бабри барфӣ чунин маълумот пешниҳод намудааст: «Бабри барфӣ дар сарзамини Форс макони зист ихтиёр намуда, онро барои пашми зебо доштанаш шикор мекунанд». Аз сабаби барои ба пуррагӣ омӯхтани тарзи зист ва саршумори Ирбис маблағи зиёд ва ҳам вақти бисёр лозим аст, дар бораи саршумори аниқ ва дақиқи бабри барфӣ дар ҷаҳон маълумоти мушаххас вуҷуд надорад. Тибқи маълумотҳои тахминии ташкилоти WWF дар дунё тақрибан аз 4500 то 7000 сар бабри барфӣ мавҷуд аст. Бабри барфӣ дар ҳудуди 12 кишвари дунё: Афғонистон, Бутан, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Непал, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ ба сар мебарад. Бабри барфӣ дар Китоби Сурх ба қатори ҳайвоноти дар марҳилаи нобудшавӣ қарордошта дохил карда шудааст. Дигар далелҳои умумӣ аз ҳаёти бабрҳои барфӣ, ки экологҳо қайд мекунанд, инҳоянд:

  • тоқа-тоқа мегарданд,
  • ҳангоми шикор шабона фаъол мешаванд,
  • пашми хеле зебо ва ғафс доранд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед