ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ИҚЛИМИИ COP24

0
671
боздид
Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси иқлимии COP24

Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар якчанд ҷаласаҳои мавзӯии конфронси иқлимии COP24, аз ҷумла ҷаласа оид ба идоракунии захираҳоиобӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, ки аз ҷониби ташкилоти FAO ташкилгардида буд, фаъолона иштирок намуд.

Ҳамзамон мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайати намояндагони Тоҷикистон бороҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ доир гардид. Дар мулоқот бо ДиректориБонки Ҷаҳонии Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Ҳамоҳангсоз оид ба тағйирёбии иқлимдар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ масъалаи бомуваффақона амалӣ шудани лоиҳаиИдоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот (ELMARL — солҳои 2013-2018) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боташаббуси Роҳбари ҳайати намояндагии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло пешниҳодгардид, ки агар ба мисли ELMARL лоиҳаҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа такроранамалӣ гардонда шавад, баманфиат хоҳад буд. Мавсуф илова намуд, ки ин гуна лоиҳаиминтақавиро дар ҷаласаи ояндаи КБРУ пешниҳод хоҳад кард. Айни замон маблағи тахминии лоиҳаи миллии ELMARL II қариб 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад, дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи минтақавӣ маблағи онба чандин маротиб хоҳад афзуд.     

Яке аз вохӯриҳои дуҷонибаи судманди ҳайати намояндагии Тоҷикистонбо Директори ФАО Метте Вилкисурат гирифт. Дар ин мулоқот аз ҷониби Ибодзода Хайрулло пешниҳодгардид, ки Форуми навбатии Шарикӣ оид ба масъалаҳои Куҳ дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Қайд карда шуд, ки баргузор кардани Форуми Шарикӣ оид ба масъалаҳои Куҳ дар арафаи Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки гузарониданаш соли 2020 дар Тоҷикистон дар назар аст, таваҷҷуҳи ҷомеаро дар сатҳҳои гуногун дар кишварҳои ҳамсоя ва  ҷалбменамояд.  Барои Тоҷикистон масъалаҳои обва куҳ бисёр ҳам муҳим маҳсуб меёбанд.-гуфт Ибодзода Х.   

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед