Иштироки Зарина Назарзода дар Конфронси машваратии тарафҳои Конвенсияҳои Базел, Роттердам ва Стокголм (COPs)

0
634
боздид

Рӯзи 29 апрели соли равон дар Женева 14-умин Конфронси машваратии Конвенсияи Базел (КС-14 БК), нуҳумин Конфронси машваратии Конвенсияи Роттердам (КС-9 РК) ва нуҳумин Конфронси машваратии Конвенсияи Стокголм (КС-9 ПК) таҳти мавзӯи “Сайёраи тоза, одамони солим: Идоракунии оқилонаи моддаҳо ва партовҳои кимиёвӣ” ба кори худ оғоз намуд, ки он то 10 май идома хоҳад ёфт. Дар ин конфронси байналмилалӣ ба ҳайси намоянда аз Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода иштирок дорад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед