Эҳёи фарҳанги шикор дар Помир
Охири моҳи июли соли 2017 дар мавзеи Қалъаи Қаҳ-Қаҳаи деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим фестивали табиатваҳши «Помир-2017» доир гардид. Ҳадафи доир намудани ин чорабинӣ аз эҳё намудани фарҳанг, расму русуми ниёгон, ҷалби ҷавонону наврасон ба ҳифозати арзишҳои фарҳангӣ нисбат ба табиат, бедор кардани ҳисси дилсӯзӣ, раҳму шафқат ва парвариши эҳтиром дар ниҳоди одамон нисбати муҳити атроф, коҳиш додани талафоти ҳайвоноти ваҳшӣ, гуногунии биологии маҳаллӣ ва инчунин ҷалб намудани туризми экологӣ иборат мебошад. Рушди туризми экологӣ дар навбати худ буҷаи давлатро ғанӣ гардонида ба баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ , сари бомҳо ва даруни хонаҳо шохҳои бузи кӯҳиро дидан мумкин аст, ки ин аз муқаддас будани онҳо ва хосияти хуб доштанашон шаҳодат медиҳад. Дар тасаввури мардуми ориёнажод «Нахчир» ҳайвони муқаддас шуморида шуда, шикори он вубол аст. Умуман шикорчӣ ҳақ надоштааст, ки се ҳайвони ваҳширо шикор кунад. Баъди шикор шикорчӣ дар шароити табиати ваҳшӣ аз гӯшти сайд ғизоеро тайёр намуда, барои ҳамаи мардум тақсим мекард.
Техникаву технология ҳар рӯз дигар мешаваду он ба мо эҳтиёҷ надорад, вале табиат ба ғамхориву муҳаббати мо ниёзманд аст.
Ниёгонамон дар муқоиса бо зиндагии имрӯза ҳарчанд сатҳи зиндагии пасттар доштанд, аммо эҳтирому ғамхориашон нисбати ҳифзи табиат ва сарватҳои он беандоза баланд буд. Дар ҳудуди вилоят, ба гуфтаи пирони диёр теъдоди бузҳои куҳӣ, бузи пармашох ва гӯсфандҳои куҳӣ басо зиёд буданд, дар наздикии деҳаҳо онҳо сайру гашт мекарданд, аммо касе ба онҳо кордор намешуд. Имрӯз бошад аз тарси одамон ҳайвоноти бечора худро баҷойҳои бехатар мегиранд. Бояд зикр намуд, ки тамоми ҳайвонот дар баробари инсон мавҷудоти зиндаанд ва касеҳақ надорад онҳоро нест намояд, балки дар назди инсон вазифа гузошта шуд, то ки ҳайвонотро ҳифз намояд. Дарк ва донистани расму русуми шикор, соату замони шикор барои насли ҷавон хеле муҳим аст. Имрӯз вазифаи мо низ он аст, ки табиати зебо ва муҳити зисти худро ҳифз намуда, чизеро барои фарзандони худ ба мерос гузорем.
Парӣ ҒУЛОМҲАЙДАРОВА