Ҷонвари нодир

0
791
боздид
Ин ҷонвари куҳии ваҳширо дар Тоҷикистон баъзеҳо шерпаланг ё озодапаланг ҳам мегӯянд.

Ҷонвари нодир…

ё чӣ тавр бабри барфиро дар ноҳияи Шуғнон раҳо карданд.

 

  

                                            МУЛКАМОН    НАЗАРАЛИЕВ,

                                                             сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ

 

Бабри барфӣ ё худ «Паланги барфӣ» ба оилаи гурбашаклон дохил шуда, номи илмиаш «Пантера» мебошад ва ҳамчун ҳайвони нодир дониста мешавад. Ин ҷонвари куҳии ваҳширо дар Тоҷикистон баъзеҳо шерпаланг ё озодапаланг ҳам мегӯянд. Ба қавли мутахассисони соҳа бабри барфӣ бинобар сабаби худро озод ҳис карданаш дар байни ҷонварони куҳсор ҳайвони аз ҳама шуҷоъ ва фаъол маҳсуб меёбад.

Ба андешаи шикорчиёни соҳибтаҷриба ин ҳайвон бисёр чолоку зирак буда, ғурури баланд дорад ва ҳамин серғурурӣ боис мешавад, ки гоҳе худро ба ҷойҳои душвортарин мезанад. Хулоса, бабри барфӣ пурасрортарин ва хушхислаттарин ҳайвони ҷаҳон ба шумор меравад ва хислати асосиаш дар он аст, ки дар баландтарин куҳҳо танҳо гаштугузор намуда, ҳеҷ гоҳ ба одам ҳуҷум намекунад.

Мувофиқи иттилоъи олимон сукунатгоҳи бабри барфӣ куҳҳои Помир, Ҳимолой, Ҳиндукуш, Қарақарум ва Алтай маҳсуб меёбанд. Дар Тоҷикистон бошад бабри барфиро дар ҳудуди 20 қаторкуҳҳо, аз ҷумла, дар минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шохдара, Аличури Ҷанубии ВМКБ, ҳамчунин дар Зарафшон, Ҳисор ва Вахш вохӯрдан мумкин аст. Аз рӯи маълумотҳои табиатшиносон 70% маҳалли зисти ин ҷонвари зебо дар ҳудуди ВМКБ ҷойгир аст.

Ҷисми бабри барфӣ он қадар калон нест. Бадани он аз 112-140 см дарозӣ дошта, вазнаш аз 40 то 100 кг-ро ташкил медиҳад. Сабаби бабри барфӣ ном гирифтанаш дар он аст, ки хунукиҳо ва барфу яхро дӯст медорад ва дар фасли зимистон дар баландиҳои 1200 то 2000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад.

Дар гузашта ба муҳофизати ин ҳайвони нодир чандон диққат намедоданд ва миёни мардум чунин андешае ҷой дошт, ки гӯё ин ҷонвар яке аз ҳайвоноти хатарнок ва ваҳшӣ маҳсуб меёбад ва ин боиси аз тарафи одамон бераҳмона нобуд кардани он мегашт.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакатамон ба тамоми соҳаҳо, алалхусус экология ва ҳифзи табиат диққати ҷиддӣ равона гардидааст.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри ҳифзу ҳимояи ҷонварони нодир лоиҳаву барномаҳои зиёд тарҳрезӣ шуда истодаанд. Ин кор, албатта, хуб аст, аммо ба андешаи инҷониб пеш аз ҳама бояд ба кӯмаки аҳолӣ такя намудан зарур аст. Танҳо бо роҳи омӯзондани мардуми маҳаллӣ баҳри дарки аҳамияти ҳайвоноти нодири кӯҳӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мумкин аст.

Дар ВМКБ бо мақсади дуруст дарк намудани аҳамияти ҳайвоноти нодир корпоратсияи «Пантера» ва Ассотсиатсияи «Кӯҳҳои Помир» фаъолияти хуб зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо мутахасиссони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯрӣ  ва дигар корҳои амалӣ анҷом дода истодаанд.

Чанде пеш аз тарафи сокинони ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид  ба ҳамлаи Бабри барфӣ ба хоҷагии сокини деҳаи мазкур Симаков Мамадсаид хабар расид. Пас аз шунидани ин хабар сардори шуъбаи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат Юсуфбеков Шакарбек ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шуғнон Алибеков Мамадбек дар якҷоягӣ бо намояндаи корпоратсияи «Пантера» Бариев Ҷурабек ба таври фаврӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

Ҳангоми вохӯриву мулоқот бо сокини деҳа Симаков М. маълум гардид, ки шаби 19 феврали соли ҷорӣ Бабри барфӣ аз тариқи боми оғилхонаи ӯ ворид шуда, аз 36 сар моли майда (гӯсфанду буз) 33 сарро нобуд намудааст. Дар натиҷаи ҳамлаи даранда ба хонадони Симаков  М. зарари калони иқтисодӣ расидааст.

Гуруҳи корӣ сараввал ба сокинони деҳа оид ба беҳтар намудани нигаҳдории ҳайвонотҳо ва мустаҳкам намудани дару тирезаи оғилхонаҳо бо панҷара маслиҳатҳои муфид пешкаш намуданд. Сокинони деҳа зимни суҳбату вохӯрӣ арз доштанд, ки  Бабри барфиро ҳанӯз 2-3 рӯз пеш аз ҳамлааш ба хонаи Симаков М. дар баландии наздикии деҳа мушоҳида намуданд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд. Дар сурати   барвақттар огоҳ шуданамон шояд чораҳои пешгирии талафоти камтари ҳайвоноти хонагиро меандешидем. Мутаассифона, сокинони деҳа баъд аз рух додани ин ҳодиса ба мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ хабар расониданд.

 

Дар рӯзи 21 феврал Бабри барфӣ такроран ба деҳа омада, боз ба оғилхонаи  Симаков медарояд, ҳангоми аз назар гузаронидани оғилхона аз тарафи соҳибхона Бабр фирор мекунад. Гуруҳи корӣ дар ин ҳангом барои мушоҳида ва дошта гирифтани Бабр ба деҳаи мазкур рафта, дастгоҳҳои суратгирӣ ва равшандиҳандаро барои тарсондани  ҷонвар дар хонаҳои мардуме, ки дар наздикии куҳ сукунат доранд, насб намуданд. 20-уми феврал соати 4-и шаб аз тарафи сокинони деҳа ба гуруҳи корӣ хабар дода шуд, ки Бабри барфӣ ин дафъа ба оғилхонаи сокини деҳа Чоршанбиев Имомёрбек даромада, 5 сар бузу гӯсфандро талаф намуд. Бо тавсияи гуруҳи корӣ аз тарафи сокинони деҳа дару тирезаи оғилхона маҳкам карда шуд, ки ин барои доштани даранда мусоидат намуд.

   Гуруҳи корӣ бо панҷараи оҳанине, ки дар хонаи яке аз сокинони деҳа мавҷуд буд,  Бабри барфиро доштанд. Пас аз махкам намудани бабр дар панҷараи оҳанин гуруҳи корӣ ҷонварро дар масофаи 70 км дуртар аз деҳаи мазкур байни сарҳади маъмурии ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи Мурғоб дар мавзеи Қарачурға ба табиат сар доданд.

Бо мақсади пешгирии раванди азбайнравии ҳайвонот ва набототи нодир бояд ҳар яки мо сарфи назар аз ихтисос, нажод, синну сол саъю кушиш намоем, то табиати зебоямон бегазанд ба наслҳои оянда боқӣ монад…

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед