Ҷошинитсу Коген

0
505
боздид
Япония сарзамини пур аз аҷоибот.

Япония -ватани маймунҳои барфӣ

Япония  яке аз сарзаминҳои афсонавиест, ки офтоб аз ҳамин ҷо талуъ мекунад.  Дар соҳили дарёи Ёкою,  ҷазираи Хонсюи Япония парки бисёр аҷиби Ҷошинитсу Коген мавҷуд аст, ки сайёҳону дӯстдорони олами рангини табиат ба ин гӯшаи ҷаҳон меоянд. Дар ин парк харсангҳои калон, ҷангали сард бо дарахтони азиму сершумор,  кӯлҳои обашон доимо гарми табиӣ бо бугҳои аз замин болошаванда мавҷуданд. Дар қисми шимолии Ҷошинитсу Коген парки миллии Ҷигокуданӣ ҷойгир аст, ки  маънои таҳтуллафзии номи он «Водии ҷаҳаннам»  мешавад. Дар ин парк  маймунҳои барфӣ зиндагӣ мекунанд. Ин паркро маймунҳои Макак (макакӣ низ мегӯянд)  машҳур кардаанд.   Макакҳо   обҳои гарму табиии кӯлу  ҳавзҳои ин ҷоро  хуб медонанд, барои ҳамин ҳам фасли зимистон барои зимистонгузаронӣ ба ин ҷо меоянд.

Макакҳо ба тамошобинон ва меҳмонони парк одат кардаанд ва аз онҳо на мегурезанду  на метарсанд. Ҳатто макакҳо худашон ба назди одамон меоянд. Лекин кормпндони парки Ҷигокуданӣ барои тамошобинон хӯрок додан, наздик шудан,  даст кардан ва аз ҳама асоситаринаш ба чашми маймунҳо нигоҳ карданро қатъиян манъ кардаанд. Барои он ба чашмони макакҳо нигаристан манъ аст, ки ин барои онҳо маънои даъват ба ҷанг аст. Ба ғайр аз ин тамошобинон набояд ҳаракатҳои якбора ва ногаҳониро анҷом диҳанд. Чунки аз ин рафтори онҳо макакҳо парешон мешаванд.

Парки маймунҳои барфӣ -Ҷигокуданӣ дар фасли зимистон барои тамошобинон аз соати 9:00 то 16:00 ва аз моҳи апрел то октябр аз соати 8:30 то 17:00   боз аст. Рӯзхои истироҳати расман вучуд надоранд, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ дари парк бастаасту халос.

Тибқи маълумотҳои расмӣ макакҳо бори аввал соли 1963 ба ин ҳавзҳои табиӣ маскан интихоб кардаанд.  Макакҳо ягона маймунҳое мебошанд, ки ба сардии то -15  0С  тоб оварда метавонанд, сабаби маймуни барфӣ ном гирифтанашон низ дар ҳамин  аст.    Барои тобоварии макакҳо ба чунин сардии ҳаво пашми ғафси баданашон ва кӯлу ҳавзҳои табии обашон гарм кӯмак мекунанд.

Дар фасли баҳор ва тобистон макакҳо дар кӯҳу ҷангалҳои сердарахти Нагано зиндагӣ мекунанд. Ва замоне,ки зимистон фаро расид онҳо дар ҷустуҷӯи гармӣ роҳи парки Ҷугокуданиро пеш мегиранд. Дар ҳар ҷое ки манбаи оби гармро пайдо карданд, дар ҳамон ҷо таваққуф мекунанд ва то баҳор он ҷоро тарк намекунанд.  Макакҳо рафтори аҷибе доранд, дар рӯзҳои сарди зимистонӣ аз об берун шаванд,  мӯйҳои тари баданашон ях карда, сардии ҳаворо дучанд мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо макакҳо усули самарабахши ба худ хос доранд.   Дар рӯзҳои сард макакҳои хизматгор -навбатдор  ҳангоми гурусна мондан хӯроки макакҳои дар дохили об бударо таъмин менамоянд, то он ки онҳо аз об берун набароянд.  Дар дигар рузҳо макакҳо қисми зиёди вақташонро дар дохили об бо оббозиву фароғат мегузаронанд ва танҳо дар нисфирузӣ ҳангоми офтоб харсангҳои атрофро тасфондан ба рӯйи хушкӣ мебароянд танаи худро хушк карда, шабона ба дохили ҷангалзор бармегарданд. Хӯроки асосии макакҳо решаи гулу буттаҳо, хазонҳо, хашаротҳои майда, навда ва пӯстлохи дарахтон, меваҳои гуногуни ҷангалӣ  ва баъзан тухми парандагон мебошад.

Макакҳо  тӯда –тӯда зиндагӣ мекунанд. Як тӯда ё гурӯҳи макакҳо ки якҷоя зиндагӣ мекунанд то ба 200 фард расиданаш мумкин аст. Гарчанде, ки ин намуди маймунҳо  расман   ҳифз карда шаванд ҳам,   вале онҳо ба қатори намудҳое ки хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад дохиланд.

Таҳияи Дилмурод Юсупов

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед