КАМОЛ

0
5194
боздид
Дар Тоҷикистон қариб 40 навъи камол мавҷуд аст.

КАМОЛ-Ferula

Камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯи сир дошта, мазааш турши тез аст. Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебарнд. Аз рӯи мушоҳидаҳои чорводорон, аз истемоли растании камол дар аввали фасли баҳор аз бадани чорво тамоми кирму паразитҳо дур мешавад. Мутаасифона солҳои охир новобаста аз манъ намудани ҷамъоварии он, ба таври ғайриқонунӣ ва ғоратгарона шираи камол ҷамъоварӣ карда шуда истодааст. Ин амали номатлуб метавонад растании камолро пурра дар Тоҷикистон ба нестӣ расонад ва наслҳои ояндаро аз фоидаи ин растанӣ маҳрум созад. Растании камол эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад. Аз ин рӯ ба нестшавии он роҳ додан лозим нест.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед