Китоби Сурх чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

0
4841
боздид

Китоби сурх – ҳҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил карда шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба ниёз доранд.

Зарурияти ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонотро ба эътибор гирифта, 1 марти соли 1979 бо қарори Совети Вазирони Тоҷикистон Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

 Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд.

Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон тўли қариб 30 сол дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумотҳои ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд.

Дар солҳои охир дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуногунии биологӣ ва ҳолати ҳозираи ҷамоаи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу хайвонот маълумотҳои нави илмӣ гирд оварда шуд, ки ин барои аз нав баҳогузории ҳолати ҳозираи ҷамоаи табиии набототу ҳайвонот фароҳам меоварад.

Бо назардошти зарурияти омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 тањти № 121-ф гурўҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд.

Барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар олимон ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд.

Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил карда шудааст. Номгўи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014 № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014 № 1 тасдиқ карда шудааст.

Бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, тасдиқ гардид. Худи ҳамон сол Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» (ш.Душанбе) ба табъ расид.

Дар асоси матни «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олами наботот ва ҳайвонот, нашри дуюм — 2015», ки ба он 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир дохил карда шудааст, Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Ёдовар мешавем, ки вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) баҳогузорӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад.

Аҷаммеҳр

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед