КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ дар мавзӯи “ОБ МАНБАИ ҲАСТӢ ВА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА”

0
613
боздид

Санаи 19 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Об манбаи ҳастӣ ва ҳамзистии осоишта» баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори Пажўҳишгоҳи рушди маориф Хуршед Зиёӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, нахуст меҳмононро хайрамақдам намуд ва доир ба муҳимияти конфронси мазкур ибрози назар кард.

         Дар назди кормандони Пажуҳишгоҳ директори муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пиряхшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Қаюмов Абдулҳамид дар мавзӯи “Аввалин экспедитсияи комплексии байналмилалии илмӣ оид ба омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва вазъи экологии болооби дарёҳои Вахш ва Панҷ”, коршиноси мустақил оид ба масъалаҳои гидроэнергетика Валаматзода Темур дар мавзӯи “Масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ”,  директори Маркази Орхуси ш. Душанбе ва сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Якубов доир ба моҳият ва принсипҳои Конвенсияи Орхус ва фаъолияти Марказҳои Орхус дар Тоҷикистон дар расонидани иттилооти муҳим ва зарур оид ба масъалаҳои экологӣ ва инъикоси мавзӯи об дар ВАО-и Тоҷикистон маърӯза ироа намуданд.

Ҷамолиддин Якубов, директори Маркази Орхуси ш. Душанбе ва сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми суханронӣ дар Пажуҳишгоҳи рушди муориф

Ҳамчунин дар маърӯзаҳои кормандони шуъбаи фанҳои ҷомеашиносии Пажуҳишгоҳи рушди маориф доир ба чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ибрози андеша карда шуд. 

         Пас аз шунидани маърӯзаҳо қисмати саволу ҷавоб оғоз шуд. Зимни муҳокимаронӣ аз тарафи кормандони Пажуҳишгоҳ таклиф пешниҳод гардид, ки дастурамале барои омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ оид ба нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим таҳия карда шавад.  

       Аз тарафи Маркази Орхуси ш. Душанбе тасмим гирифта шудааст, ки дар оянда бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту вохӯриҳо ташкил карда шавад.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед