Корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ҳавои атмосферӣ

0
4148
боздид
Мувофиқи технологияи ҷорӣ дар ҶСК «Сементи Тоҷик» барои истеҳсоли 1 тонна клинкер то 200 кг ангишт сарф карда шуда истодааст.

Корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ҳавои атмосферӣ

Дар қаламрави ҷумҳурӣ солҳои охир бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент зиёд гашта истодааст, ки аксаран бо ангишт фаъолият намуда, манбаи асосии партов ба ҳаво маҳсуб мешаванд.

 Айни замон дар ҷумҳурӣ 11 адад корхонаҳои сементбарорӣ, аз ҷумла ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», ҶДММ «Тоҷсемент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов»-и шаҳри Исфара, ҶДММ «Суғд семент»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ «Тоҷ чайна»-и шаҳри Ваҳдат ва сехи истеҳсоли сементи ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокорӣ» -и шаҳри Исфара фаъолият мекунанд. Корхонаҳои номбурда бо назардошти рақобатпазирӣ ба бозор ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат технологияи муосирро истифода мебаранд, ки самаранокии таҷҳизотҳои полоишии онҳо то 98 % пешбинӣ шудааст.

Масалан, дар ҶСК «Сементи Тоҷик» бинобар сабаби ба ангишт гузаштани корхона 730 000 доллари ИМА барои васли дастгоҳу таҷҳизоти полоишӣ пешбинӣ гардида буд, ки  он ба пуррагӣ аз худ карда шудааст.  Мувофиқи технологияи ҷорӣ дар ҶСК «Сементи Тоҷик» барои истеҳсоли 1 тонна клинкер то 200 кг ангишт сарф карда шуда истодааст. Самаранокии дастгоҳҳои полоишии ин корхона зиёда аз 98%-ро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми ихроҷи партовҳои корхона бошад дар як сол 2108,66 тонна мебошад. Соли 2017 аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик семент» бо мақсади иваз намудани таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ ва кам кардани партовҳо ба ҳавои атмосфера 150 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. 

Корхонаи истеҳсолии сементи Душанбе

Дар баробари рушди соҳаи саноат ва энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисодиёти «сабз» диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда айни замон 98 %-и энергияи ҷумҳурӣ дар манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқию обӣ истеҳсол мешавад, ки ин омил ба пешгирии гармшавии иқлим дар ҷумҳурӣ ва минтақа мусоидат менамояд.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед