КОРШИНОСОНИ МИНТАҚАВӢ ДАР ДУШАНБЕ СИСТЕМАИ БАҚАЙДГИРИИ ПЕСТИТСИДҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

0
2945
боздид

25 cентябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқӣ дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) Семинар-тренинги минтақавӣ оид ба системаи бақайдгирии пеститсидҳо ва Дуюмин машварати коршиносони минтақавӣ оид ба идоракунии пеститсидҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо ба кори худ оғоз намуд.

Ҳадафи баргузории тренинги минтақавӣ аз баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони миллӣ ва намояндагони ҳукуматҳо дар соҳаи системаи бақайдгирии пеститсидҳо боназардошти стандартҳои байналмилалӣ иборат мебошад.

Инчунин машварати дуюми коршиносони минтақавӣ оид ба идоракунии пеститсидҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо барои ёрӣ расонидан ба афзудани донишҳо дар минтақа ва таҳкими табодули иттилоъ байни кишварҳои минтақа равона карда шудааст.

Дар оғози чорабинӣ сардори Муассисаи давлатии Маркази Стокголм оид ба безараргардонии пеститсидҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Раҳматуллоев аз номи роҳбарияти Кумита сухани ифтитоҳӣ намуд.

Зимни сухани шодбошии Хайруллоев Р. таъкид ба амал оварда шуд, ки дар солҳои 70-80-уми асри ХХ Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои рушди соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, пахта зироати стратегӣ буду пахтакорӣ мавқеи хоссаро касб менамуд. Барои истеҳсоли пахта истифодаи заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ зарур буд. Дар ҳамин давра воридот ва нигоҳдории пеститсидҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ вусъат ёфт ва анборҳои нигоҳдорӣ ва интиқолдиҳии пеститсидҳо дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин воқеъ гардида буд. Мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирии пеститсидҳо дар он давра ташкилоти “Тоҷик-агрохимия” ба ҳисоб мерафт. Айни замон чунин мақомоти ваколатдор вуҷуд надорад. 

Ҳамчунин дар маърӯзаи Хайруллоев Р. қайд карда шуд, ки барои ба танзим даровардани истеҳсол, воридот, содирот, истифодабарии пеститсидҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи литсензиякунонии баъзе фаъолиятҳои субъектҳои хоҷагидор” амалӣ карда мешавад.

Хайруллов Р. аз натиҷаи мониторинги гузаронидаи FAO ва Бонки Ҷаҳонӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон 68 нуқтаҳои партовҳои заҳрхимикатҳо ба қайд гирифта шуда, ки дар онҳо 1329 тонна заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ ҷойгир шудаанд.

Қобили зикр аст, ки семинар-тренинг то рӯзҳои 26 — 27 сентябр низ идома меёбад. Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳа ва дигар кишварҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба хотири тақвияти нерӯи институтсионалии худ донишҳояшонро доир ба системаи бақайдгирии пеститсидҳо мукаммал менамоянд.

Ҳамзамон яке аз натиҷаҳо бояд ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти мубориза бо зараррасонҳо ва идоракунии пеститсидҳо равона карда шавад.

Ва ниҳоят пас аз ба охир расидани чорабинӣ кумитаи роҳбарикунандаи минтақавии лоиҳаи GCP/SEC/011 таъсис дода шуда, барои баргузории ҷаласаи якум замина гузошта мешавад.  

Ҷамолиддин Яқубов, «Инсон ва табиат»   

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед