Лолаи ҷангалӣ
Растании нодиру эндемикии Тоҷикистони Ҷанубӣ мебошад, ки миқдораш рӯз то рӯз аз ҳисоби чаронидани чорво дар маҳалли рушдаш хеле кам шуда истодааст. Асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ, Тирай ва куҳи Имоммаскара паҳн гардидааст. Дар ҷангалзори гармсер ва настаранзор, бештар дар буттазору пистазор (дар баландии то 2000 м аз сатҳи баҳр) во мехӯрад. Пиёзакаш тухмшакл буда, 3 см ғафс мешавад ва бо пӯсти мулоим пӯшида шудааст. Пояаш то 50 см қад кашида, дар он 5-6 барг ҷойгир аст. Дар шароити табиӣ моҳи май гул мекунад, аммо дар боғи ботаникӣ бошад аз охири моҳи март то даҳаи аввали моҳи апрел мешукуфад. Лолаи ҷангалӣ яке аз зеботарин лолаҳо ба ҳисоб рафта, барои тайёр кардани гулдаста ва ороиши гулзор тавсия дода мешавад. Он ба муҳофизат ниёз дорад.