МАҲФИЛИ “НОЗИРОНИ САБЗ” ДАР ХОРУҒ

0
617
боздид

      Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ахолӣ, зиёд намудани манзарахои зебои табиат ва паст кардани таъсири манфии инсон ба муҳити атрофу ҷалби сайёҳон, санаи 24 апрели соли равон дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иқдоми донишгоҳ Маҳфили “Нозирони сабз” ва аксияи “Гулҳои хонагӣ” гузаронида шуд.

        Дар ин бора Фирдавс Имомзода, муовини мудири Шуъбаи кор бо ҷавони донишгоҳ иттилоъ дода гуфт, ки дар чорабиниҳо зиёда аз 40 нафар донишҷӯёну ҷавонон беш аз 30 намуд гулҳои хонагӣ, кучату ниҳолҳои ҳархеларо ба намоишу фурӯш гузошта, теъдоди зиёде аз сокинони ВМКБ онро харидорӣ карданд.

 Бояд қайд кард, ки маҳфили  “Нозирони сабз” тибқи Барномаи давлатии тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” амал карда, он ҳамчунин барои васеъ намудани такмили тарбияи кадрҳо мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.

 javonon.tj

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед