МЕҲРГОНА ВА ТАБИАТ

0
862
боздид

(Ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”)

          Дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон Меҳргона ном духтараки доное бо бобояш зиндагӣ мекард. Бобои ӯ марди донишманд ва меҳрубоне буд. Бобо дар соҳили дарёи деҳаашон боғи калонеро бунёд намуда пайваста ба нигоҳубини он машғул мешуд. Бобои Меҳргона Паҳлавон ном дошт. Ӯ ҳар рӯз бо наберааш ба сайри боғ мерафт. Азбаски худаш боғбон буд, муҳаббат ба ниҳол, дарахт ва табиатро дар дили Меҳргона бедор менамуд. Меҳргонаи донояк доимо ба суханҳои бобояш гӯш намуда тибқи фармудаҳои ӯ рафтор мекард. Бобои Пахлавон баъди ҳар бори гуфтугӯ бо наберааш аз ӯ мепурсид:    — Духтаракам, оё ту табиатро дӯст медорӣ?

          — “Бале бобоҷон, —  бо ифтихор мегуфт Меҳргона.

          — “Фаромӯш накун, ки ҳамаи дарахтон ҳадяи табиат барои инсонҳоянд. Ба онҳо набояд зарар расонд”, — идома медод бобо.

          Меҳргона аз меҳрубонии бобояш хеле шод шуд. Ҳанӯз дар 4 солагӣ номи бисёр дарахтон ва кӯлу дарёҳоро медонист. Инчунин, дар васфи табиат ва зебоиҳои он шеърҳои зиёде азёд карда буд.  

          Меҳргона ҳам мактабхон шуд. Ҳар субҳ шодикунон ба мактаб мерафт. Як рӯз писарчае шохи дарахти себро дар ҳавлии мактаб шикаст. Меҳргона аз ин рафтори ӯ сахт ғазаболуд шуд ва ба ӯ гуфт:

          — “Оё намедониӣ, ки дарахтон ҳадяи табиат барои инсонҳо ҳастанд ва онҳоро набояд азият дод?”

          Писарак Меҳргонаро писханд кард ва масхаракунон боз шохи дигари дарахти себро ҳам шикаст. Ӯ аз ин рафтори ғайриинсонии писарча ниҳоят ғамгин шуда, гирякунон ба хона омад.

Шикастани шохи дарахт аз ҷониби писарак

-“Чаро гиря мекунӣ, духтаракам?”, —  пурсид бобои Паҳлавон.

          Меҳргона воқеаи дар мактаб рухдодаро ба бобояш нақл кард. Бобо наберачаашро ба оғӯш гирифт ва гуфт: — « Меҳргонаҷон, духтари ҷонам, гиря накун! Ту набояд бо ғазаб бо он писарак муносибат мекардӣ. Ҷони бобо, агар ба ӯ бо меҳрубонӣ рафтор мекардӣ, аз кори кардааш пушаймон мешуд ва  дигар шохи дарахтонро намешикаст».

          Меҳргона пурсид:

-“Бобоҷон, мо чӣ хел дарахтонро хурсанд карда метавонем?”

   Бобояш чавоб дод:

          Агар шумо дарахтонро шодоб кунед, онҳо хурсанд мешаванд.

          Рӯзи дигар Меҳргона боз ба мактаб рафт. Дид, ки он писарак партовҳоро ба ҷӯйбори мактаб мепартофт. Оина ба ӯ гуфт: «Додаракам, об ҳаёт хаст. Онро набояд ифлос кард. Агар бачаҳои дигар аз ин чҷӯйбори ифлос об хӯранд бемор мешаванд? Оё ту мехоҳӣ ҳамсинфони мо бемор шаванд? Дар ин ҳолат кӣ бо мо бозӣ мекунад? Кӣ барои мо суруд мехонад?”

Писарак партови ба ҷӯй партофтаашро бо ифтихор ба ҷӯрааш нишон медиҳад

          Писарак ҳамаи суханони Меҳргонаро шунида аз рафтораш пушаймон шуд ва аз ӯ сидқан узр хост. Минбаъд ӯ писари бодобе шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ шохи дарахтонро намешикаст. Обро ҳам ифлос намекард. Акнун ӯ дар боғи мактаб ниҳол мешинонд. Бехи онҳоро нарм мекард ва барояшон об медод. Меҳргона бошад аз ин амали ӯ шодикунон барояш кӯмак мекард ва дар қалбаш бо бобояш миннатдорӣ изҳор менамуд.

Мирсаиди ХАЙРУЛЛО

“Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед