Рӯзи 16 сентябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид ба ифтихори ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон эълон гашт. Ин санаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 инҷониб таҷлил мекунанд.
— Қабати озон барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳим мебозад. Он ҳамчун сипар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нурҳои зарарноки ултрабунафш –(УББ)-и офтоб муҳофизат менамояд. Бо тараққиёти илм ва рушди саноат
Моддаҳои вайронкунандаи озон (МВО) пайвастаҳои кимиёвии дорои қобилияти бо молекулаҳои ба реаксия дохилшаванда мебошанд. Моддаҳои вайронкунандаи озон (МВО) карбогидритҳои хлорикунонидашуда, фторикунонидашуда ё бромикунонидашудае мебошанд, ки намунаи онҳоро ба таври зайл ҷудо кардан мумкин аст: Хлорофторкарбонҳо (ХФК) — ХФК- 11,12, Гидрохлорфторкарбонҳо (ГХФК)–ГХФК-22, Галонҳо, Гидробромкарбонҳо (ГБФХ) Бромхлорметан, Метилхлорофрам, Карбони тетрахлордор ва бромметан (метили бромдор); Моддаҳои вайронкунандаи Озон (МВО) –ро дар системаҳои таҷҳизоти хунуккунанда, дар соҳаи хизматрасонии яхдонҳо ва кондитсионерҳо ХФК, системаи таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва насосҳои гармӣ истифода мебаранд: Моддаҳои вайронкунандаи Озон (МВО) инчунин ба сифати элементи таркибӣ барои истеҳсол намудани маснуоти кафкӣ, ҳалкунандаҳо барои саноати электронӣ, пропеллени баллонҳои аэрозолӣ (зарфҳои аэрозолӣ), элементи таркибии кафки сӯхторхомӯшкунӣ, фумигант барои мубориза ба муқобили паразитҳо ва барои ба зери назорат гирифтани баъзе бемориҳо, инчунин ба сифати элементи таркибӣ ҳангоми истеҳсоли моддаҳои дигар истифода бурда мешавад.
Хоҷаева Зулхумор, омӯзгори Коллеҷи тиббии ш. Ҳисор