Мори афъии регзор

0
713
боздид
Айни замон дар масофаи 35 – 40 км тақрибан 1 фарди мори афъӣ дучор меояд.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

Мори афъии регзор

Зерқатори Морҳо. Serpentes

Оилаи морҳои афъӣ. Viperidae

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доард.EN.

Паҳншавӣ

Дар поёноби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон, регзори Қародум (атрофи қумсангир), Шоркул (панҷи поён), Қашқадум (мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”), Ҷилликӯл, Қубодиён, Айвоҷ, водии Бешкент ва Ганҷина паҳн гардида аст.

Муҳити сукунат

Дар регзорҳои гилдори биёбон, атрофи заминҳои обӣ, харобаҳои биноҳои гилин, теппаҳои регдор, ки саксаули сафуд ва шутурхор мерӯянд, дар баландиҳои 300 -950 метр аз сатҳи баҳр во мехӯранд. Тарқиш, сӯрох, ковокиҳо ва лонаҳои кӯҳнаи калламуши ркгии думсурхро дар регзору регтеппаҳо ба сифати паноҳгоҳ истифода мебаранд.

Саршумор

Солҳои 50-уми асри гузашта дар қитъаҳои гуногуни регзорҳои қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (регзори Қародум, Қашқадум, Шоҳ ва ғ.) дар масофаи 6 -12 км то 2 – 5 фард ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар маҳалҳои номбурда дар масофаи 35 – 40 км тақрибан 1 фарди мори афъӣ дучор меояд.

Хусусиятҳои биологӣ

Баъди хоби зимистона моҳи март хеста, дар моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад. Дар моҳи апрел ба ҷуфтшавӣ сар намуда, ба қатори морҳои зиндазой дохил мешаванд. Аз 3 – 6 то 11 – 16 бача (дарозиашон 10 – 14 см.) –ро мегузорад. Хояндаҳои хурд, баъзан хазандаҳо, парандаҳо ва обхокиҳоро ба сифати ғизо истифода мебаранд. Мори афъӣ заҳрдор аст.

Омилҳои маҳдудкунанда

Аз худ кардани мавзеъҳои зисти  мори афъӣ, таъқиби намуд, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар маҳалли сукунати мори афъӣ омилҳои асосии маҳдудкунандаи саршумори он мегардад.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Маълумот вуҷуд надорад.

Тадбирҳои ҳифз

Мавзеъҳои хоси зисти мори афъиро дар регзорҳои атрофии дарёи Аму ва Айвоҷ зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғӯруқ эълон намудан зарур аст. Истифодаи мор бо мақсади гирифтани заҳр зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед